Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Толори “Санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои амалӣ”

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Ҳар як ҳунари мардумӣ собиқаи тӯлонии таърихӣ дошта, дар тӯли садсолаҳо ва ҳазорсолаҳо аз насл ба насл мегузарад ва таҳаввулу такомул меёбад. Ҳувият ва фарҳанги моддиву маънавии миллатҳо, пеш аз ҳама, дар ҳунарҳо ва таҷрибаҳои ҳаётии он таҷассум ва ифода меёбад.

Толори мазкур бо санъати волои кандакорӣ аз тарафи усто Қодиров Мирзораҳим созмон дода шудааст.

Кандакорӣ – яке аз қадимтарин ва маъмултарин намуди санъати амалист. Кандакорӣ дар меъмории ороиши биноҳо, шаҳсутунҳову бошаҳо, раву болор, дару дарвозаҳои нақшин ва ғайраҳо васеъ истифода бурда мешаванд.

Ин толор бо нақшу нигори маъмултарин - гиреҳ, ислимӣ, катиба ва зооморфӣ ороиш ёфтааст. Ба қатори ороишоти гиреҳ секунҷа, мураббаъ, шаклҳои дуруст ва нодурусти шашткунҷа, ҳашткунҷа, ситорачаҳои теғадор, чоркалид, доира, морпеч, кунгура ва ғайра истифода шудааст.

Дар толор чор адад зершишаҳо гузошта шудаанд, ки дар зершишаи аввал ороишоти занонаи ба асрҳои Х1Х ва аввали асри ХХ тааллуқ дошта, аз қабили: гушвораҳо, дастпона, зеби гардан, тӯмор, қӯлтуқтумор, қоши тилло, марҷонҳо ба намоиш гузошта шудаанд.

Дар зершишаи дуввум намунаи тоқиҳое, ки ба асри ХХ тааллуқ доранд, ба монанди: тоқии чуст, тоқии ироқӣ, тоқии духобаи гулдӯзӣ, тоқии бобуна ва ғайраҳо ба маърази тамошо гузошта шудааст.

Дар дигар зершишаҳо намуди ҳунари мисгарӣ ба монанди офтоба, тоскоса, лаганди мунаққаш, мустаҳора, чойникҳо, рангдон, зарф барои хурок ба намоиш гузошта шудааст.

Дар девори толор намунаи санъати тасвирӣ, яъне рассомӣ  ба монанди: мусаввараҳои “Ҷуръати Куруш” муаллиф Самадов,  “Истироҳат баъди кори саҳроӣ”, “Қаҳрамонони халқи тоҷик” муаллиф арбоби шинохтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯраев Ғафурҷон, “Ҳаёт дар деҳа”, “Ҳусайн Воизи Кошифӣ”, “Акси Саидхӯҷа Ӯрунхӯҷаев” муаллиф Хушвахтов Х.Д., “Баҳси тақсимоти об” муаллиф Казиев, “Чӯпон” Хушвахтов Х.Д., “Хирмани пахта” муаллиф Матасов, “Ҳаппакбозӣ” муаллиф Самадова ва “Наврӯз” муаллиф Саидоқилзода С. ба намоиш гузошта шудааст.

Инчунин, дар толори “Санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои миллӣ” ду зертолори хурд мавҷуд аст, ки дар он намунаи санъати кундалкорӣ ва асбобҳои мусиқии миллӣ ба намоиш гузошта шудааст.

Кундал - яке аз усулҳои санъати наққошӣ мебошад. Он ҳамчун усули наққошӣ аввалин бор дар асри XV маълум гардида, асри XVI ба пояи баланди инкишоф расидааст. Асоси ин навъи наққоширо тасвироти наботӣ ташкил медиҳанд. Наққошони машҳури тоҷик М. Олимов, М. Солиев, Ғ. Мансуров, Ю. Раупов ва дигарон ин санъатро хуб медонистанд. Намояҳое, ки бо услуби кундал оро дода шудаанд, дар осорхонаю намоишгоҳҳои ҷумҳурӣ гузошта шудаанд.

Яке аз давомдиҳандагони анъана ва ҳунари наққошии аҷдодӣ усто – Сангинов Рустам мебошад, ки дар тӯли фаъолияти пурмаҳсули худ дар ин ҷода асарҳои зиёди пурмӯҳтаво офаридааст, ки намунае аз онҳо дар толори хурди санъати кундалкорӣ ба намоиш гузошта шудааст.

Зертолори дигар “Асбобҳои мусиқии миллӣ” ном дошта, аз тарафи  усто Тоҳир кандакорӣ шудааст. Дар ин толор зиёда аз 30  намуди асбоби мусиқӣ, аз қабили: шайпур, каҷкарнай, карнай, тор, дутор, танбӯр, ғижжак, рубоб, доира, таблак ва ғайраҳо ба намоиш гузошта шудаанд. Созҳои мусиқӣ ҳамчун арзиши миллӣ дар осорхонаҳо барои равшан намудани таърихи фарҳанги мусиқии халқи тоҷик аҳамияти бузург дорад.

Фаридахон Исҳоқӣ – сармуҳофизи фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОТолори “Санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои амалӣ”
Scroll to Top