Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ҳисоботи фаъолияти шашмоҳаи Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” барои соли 2024

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дорои “Осорхонаи таърихии вилояти Суғд”, “Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти ш.Хуҷанд ба номи академик Нӯмон Неъматов” ҳамчун муассисаи илмӣ – тадқиқотӣ, “Боғи фарҳангӣ фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ” ҳамчун муассисаи фарҳангӣ – фароғатӣ ва мавзеи таърихии хусусияти ҷумҳуриявидоштаи “Қалъаи Хуҷанд” буда, барои рушди илму фарҳанг ва сайёҳӣ мусоидат менамояд.

Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дорои сомонаи алоҳида мебошад, ки дар шабака бо суроғаи www.qalai-khujand.tj ва почтаи электорӣ  This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it. фаъолият менамояд.

Дар давраи ҳисоботӣ 2 ҷаласаи Шӯрои илмии Осорхонаи таърихӣ баргузор гардида, нақшаи фаъолияти маҷмаа, аъзоёни Шӯрои илмӣ дар соли 2024, сенарияи вохӯрӣ ва конфиренсияи илмӣ, мақолаҳои илмии кормандон муҳокима ва тасдиқ карда шуданд.

Аз тарафи ходимони илмии шуъбаи маъхаз нақшаи пуррагардонии фонди осорхона омода карда шуд. Экспонатҳои асосии соли 2023 қабул шуда, ба китоби воридотии асосӣ сабт гардид. Дар рафти баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ дар осорхона ва берун аз он аз фонди осорхона 886 адад экспонат ба намоиш гузошта шуданд.

Аз тарафи кормандони илмии Осорхонаи таърихии вилояти Суғди МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” мақола ва сайри илмии мавзӯӣ таҳти унвони “Новая группа петроглифов в ушелье в Учбогсае” (Бобоҷон Гафуровском районе), “Гаҷкорӣ – санъати ороишӣ ва ҳунари миллӣ”, “Кулолгар Соҳибов – муаррифгари санъати халқи тоҷик”, “Муаррифии нусхаи хатти қадима аз фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд”  таҳия карда шуд.

Санаи 11 апрели соли 2024 баъд аз ба анҷом расонидани корҳои азнавсозию сохтмонӣ расми кушодашавии Калъаи Хуҷанд бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон баргузор гардид.

Қалъаи Хуҷанд дорои бинои асосии намоишӣ, 8 ҳавлиҳои ҳунармандон, биноҳои хизматрасонӣ, чойхонаи миллӣ, ҳаммом, растаи савдои ҳунармандон, меҳмонхона – Хостел барои 30 нафар, бинои маъмурияти муассиса мебошад.

 Инчунин аз фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд зиёда аз 3000 адад экспонатҳо дар толорҳои намоишӣ ва ҳавлиҳои ҳунармандони Қалъаи Хуҷанд ба намоиш гузошта шуданд.

Мавзеи навбунёди “Қалъаи Хуҷанд” оғоз аз 23 апрели соли 2024  бо 65 нафар воҳиди корӣ фаъолиятро дар 2 баст ба роҳ монда, меҳмонон, сайёҳон ва тамошобинонро қабул карда истодааст.

Теъдоди тамошобинони боздиднамуда, аз Қалъаи Хуҷанд 34997 нафарро ташкил дода, аз инҳо 1640 нафар ба таври ройгон дидан карданд. 1008 нафар тамошобинон аз хориҷии кишвар мебошанд.

Тибқи нақшаи МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” санаи 18 майи соли ҷорӣ бахшида ба Рӯзи байналмиллалии осорхонаҳо маъракаи "Шабе дар осорхона" баргузор гардид, ки осорхонаҳои МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”  фаъолияти худро аз соати 16:00 то 22:00 барои тамошобинон ройгон ба роҳ монда, дар маҷмӯъ ба осорхонаҳои маҷмаа 5371 нафар тамошобинони ватанию хориҷӣ ташриф оварданд.

Бахшида ба ин ҷашн дар даромадгоҳи Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, дар Боғи фарҳангию фароғатии Камоли Хуҷандӣ баҳри тамошобинон намоиши “Ретроавтомобилҳо” ташкил карда шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ 3-маротиба вохӯрӣ, 1-маротиба конфронси илмӣ, 4-маротиба намоиш дар муассиса ташкил карда шуд.

Дар ин давра теъдоди тамошобинони боздиднамуда аз Осорхонаҳои МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” 23194 нафарро ташкил дода, аз ин миқдор 6465 нафар тамошобинон аз осорхонаҳо ба таври ройгон дидан намуданд. Ба 6955 нафар тамошобинон 446 адад сайри илмӣ гузаронида шуд. Теъдоди тамошобинони алоҳида 16239 нафар буда, 1525 нафар тамошобинон аз хориҷии кишвар мебошанд.

Аз тарафи кормандони Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» ба ТВ “Диёр”, 7-ситора, ТВ “Азия” доир ба фаъолияти муассиса мусоҳиба доир гардид. Ҳамчунин аз ҷониби хабарнигорони ТВ Суғд, Сафина, СМ-1, Азия гузоришҳо аз фаъолияти МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” омода ва пахш гардид. 

Кормандони илмии осорхонаҳои маҷмаа тибқи нақшаи корӣ оиди ҷамъоварии ашёҳои таърихӣ - фарҳангӣ, пешбурди корҳои илмӣ - таҳқиқотӣ, пурракунии экспозитсияҳои намоишӣ корҳои назаррасро ба сомон расонида истодаанд.

Китобхонаи илмии маҷмаа фаъолияти пурсамар дошта, бо ҳамкории шӯъбаи оммавӣ - фарҳангӣ ва робита бо ҷомеа дар ташкил ва баргузории вохӯриҳо ва созмон додани гӯшаҳои намоишии ҷашнвораҳо саҳм гузошта, ба сомонаи маҷмаа 93 адад мақола ва хабарҳои тозаи фарҳангӣ-таърихиро ворид намуданд.

Дар ин давра дар мавзеъи Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, ки яке аз ҷойҳои истироҳати тамошобинону сайёҳон ба шумор меравад, баҳри ободонӣ 104930 ҳазор гулҳои мавсимӣ аз қабилӣ петуня, салвия, тагес, 6 адад гулбуттаи Юкка, 25 ҳазор бех садбарг, 12948 ҳазор гули Герань ва ғайра шинонида шуда, поруҳои минералӣ ва шӯрхок андохта шуданд. Дарахтон ва токзорӣ чорбоғи Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ ва мавзеи боғ шаклдарорӣ карда шуда, 40 бех сафедор, 18 бех дарахти марҷон, 8 бех сиёҳбед, 11 бех токи ангур дар ҳудуди боғ шинонида шуданд.

Кормандони МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” тибқи нақшаи корӣ фаъолияти пурсамар бурда барои дар сатҳи баланди фарҳангӣ баҳри хизматрасонӣ намудан ба меҳмонони ватанӣ ва хориҷӣ кӯшиш ба харҷ дода истодаанд. 

 

 

 

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОҲисоботи фаъолияти шашмоҳаи Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” барои соли 2024
Scroll to Top