Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ҷамъбасти фестивали ҳунармандони вилояти Суғд дар Хона - музейи Камоли Хуҷандӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Фестивали ҳунармандони вилояти вилояти Суғд ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони “Ҳунар омӯз...” дар Хона-музейи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бо иштироки Сардори раёсати агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд, Шермуҳаммад Нодирӣ доир гардид.

Сардори раёсати агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ иброз дошт, ки ҷиҳати ба амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чӣ хеле ки гуфта будвнд:”Ба масъалаи таъсиси бештари ҷойҳои корӣ рушду соҳибкории хурду миёна, ҳунарҳои мардумӣ ва шуғли хогагӣ диққатӣ зарури диҳем ”.

Дар ин замина бобати эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ, баланд бардоштани ифтихорӣ миллӣ, арҷгузориӣ ба фарҳанги воло, тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ ба насли оянда пешкашнамудани ҳунарҳои аҷдодӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ аз тарафи роҳбари давлат дастгирӣ гардида истодааст.  

Дар фестивал- озмун маҳсулоти ҳунармандони касбӣ ва маҳаллӣ аз қабили кашидадӯзӣ, қӯрмадӯзӣ, қолинбофӣ, сабадбофӣ, устоҳои шонасоз, кордсоз, оҳангар пешкаши харидорону тамошобинон гардонида шуд.

Дар бахши беҳтарин ҳунари мардумии “Кандакорӣ, чӯбтарошӣ ва сабадбофӣ” ҳунарманд Деҳқонов Саломҷон аз шаҳри Исфара бо дипломи дараҷаи якум ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 3500 сомонӣ қадрдонӣ гардрнида шуд.

Дар бахши беҳтарин ҳунари мардумии “Заргарӣ, мисгарӣ ва оҳангарӣ” ҳунарманд Мирзоев Ихтиёр аз шаҳри Истаравшан бо дипломи дараҷаи дуюм ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 2500 сомонӣ қадрдонӣ карда шуд.

Дар бахши беҳтарин ҳунари мардумии “Ороиш аз санг ва кулолгарӣ” Зокиров Ғаниҷон ҳунарманд аз шаҳри Хуҷанд бо дипломи дараҷаи якум ва мукофотпулӣ дар хаҷми 3500 сомони қадрдонӣ карда шуд.

Мақсади баргузории фестивал ва фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ин эҳёи анъанаи ниёгон ба танзим даровардани фурӯши маҳсулотҳои қадимаи халқи тоҷик, сарҷамъ намудани ҳунармандони вилоят нигоҳдорандагони ашёҳои қадимаю таърихӣ, бозёфт ва харидории ашёҳо мебошад.

Тошматова Тахмина – роҳбалади Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОҶамъбасти фестивали ҳунармандони вилояти Суғд дар Хона - музейи Камоли Хуҷандӣ
Scroll to Top