Санаи 4-июли соли ҷорӣ дар доираи ҳошияи сафари корӣ ҳайати коммиссияи Шӯрои умумҷаҳонии ҳунармандон бо роҳбарии Азизбек Муртазоев - Президенти Совети Умумиҷаҳонии ҳунармандон дар минтақаи Осиёии уқёнуси Ором ва Сэмпес Эрахапда – ноиби президенти консулгарии байналхалқии ҳунармандон ба вилояти Суғд ташриф фармуданд.
Меҳмононро Сардори раёсати фарҳанги вилояти Суғд Қосимов Бахтиёр, омири кулли МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” Иброҳимов Иброҳим ва дигар намояндагон роҳбалади намуда аз Қалъаи таърихии Хуҷанди Муассисаи давлатии “Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” дидан намуданд. Ҳайати меҳмононро омири муассисаи мазкур бо як самимияти беандоза пешвоз ва хайра мақдам намуд. Сипас, меҳмонон аз толорҳои намоишӣ, ки дорои таърихи куҳани халқи тоҷик, санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои нақшу нигори мардумӣ, ки аз хазинаи қадимаи халқи тоҷик маводу экспонатҳои нодир ҷойгир карда шудаанд, ошно гардиданд.
Бояд қайд намуд, ки аз санъати баланди ҳунарҳои мардумӣ ва нақшу ороишҳои нотакрор писанди меҳмонон гардид. Ҳамчунин, меҳмонон аз ҳавлиҳову растаҳои ҳунармандон дидан намуда ба онҳо баҳои баланд доданд.
Баъдан меҳмонон ба китоби “Меҳмонони фаҳрӣ” таассуроти худро ёддошт намуданд.
Дар фарҷоми боздид ҳайати меҳмонон барои меҳмоннавозӣ ва тамошои боҳашамати нотакрори Қалъаи таърихии Хуҷанд, ки ба кас ҳаловати маънавӣ ва таассуроти нотакрор мебахшад, изҳори миннатдорӣ намуданд.