Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Кундалкорӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Кундал - яке аз усулҳои санъати наққошӣ буда, намунаҳои кундал дар лавҳаҳои кошикории биноҳои асри XIV ба назар мерасад. Кундал ҳамчун усули наққошӣ аввалин бор асри XV маълум гардида, асрҳои XV-XVI ба пояи баланди инкишоф расидааст. Асоси ин навъи наққоширо тасвироти наботӣ ташкил медиҳанд. Масалан, дар деворҳои Оқсарой (Шаҳрисабз, аввали асри XV) зиёда аз 70 навъи гулу гулбаргҳо нақш ёфтааст. Инчунин, ёдгориҳои меъмории Самарқанд ва Бухоро бо ин навъи нақш оро дода шудаанд. Замини кундал асосан кабуд ё осмонӣ, баъзан зарандуд мешавад. Тарзи наққошӣ ба услуби кундал чунин аст: ба тахта ё девори суфта ширеш молида, ба болояш матоъ мекашанд ва аз рӯи он боз як қабат ширеш мемоланд. Баъди хушк шудан ба рӯяш ба воситаи гарда нақш мепартоянд. Пас, гаҷ ва ширешро дар об меҷӯшонанд ва ин гаҷобаро бо мӯқалами махсус болои нақши гарда эҳтиёткорона мемоланд.

Ҳамин ки тарҳи аввалаи гаҷоба хушк шуд, ба рӯи он дубора гаҷоба медавонанд ва дар натиҷа нақшҳои барҷаста ҳосил мегарданд. Рӯйи он бо елим (ширеш) ва рӯи елимоб ба равғани зингарӣ андуда мешавад. Пас, аз хушконидани он ба рӯяш зарварақ мечаспонанд. Ба рӯи зарварақ бори дигар ширеш мемоланд ва баъд бо рангҳои кабуду осмонӣ ранг карда рӯяшро равғани зингарӣ медавонанд. Лавҳаҳои шифти биноро аввал дар замин тайёр карда, баъд васл мекунанд ва онро тахтакундал меноманд. Ба ҷои зарварақ зарҳалро ба кор бурдан мумкин аст.

Кундал чун навъи санъати наққошӣ, то замони мо омада расидааст. Наққошони машҳури тоҷик М.Олимов, М.Солиев, Ғ.Мансуров, Ю.Рауфов ва Иномҷон Ахмедов ин санъатро хуб медонанд. Намунаҳое, ки бо услуби кундал оро дода шудаанд, дар осорхонаю намоишгоҳи ҷумҳурӣ гузошта шудаанд.

Дар толорҳои навбунёди намоишии Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” низ Иномҷон Ахмедов намуди санъати кундалро омехта бо наққошӣ оро додаанд, ки дар он нақшҳои ислимӣ, геометрӣ, парнус, даврашакл бо рангҳои кабуду сабзи омехта, наботӣ, осмонӣ ва инчунин гулпартои, дар наққоши  чунин гулҳои садбарг, раъно, тоҷи хурӯс, гули хайри, савсангул, ирис ва нилуфар истифода бурда шудааст. Ҳамчунин, як зертолори намоишии Қалъаи Хуҷанд махсус ба ҳамин санъати кундалкорӣ бахшида шудааст, ки дар он намунаҳои беҳтарини ин санъат ба маърази тамошо гузошта шудааст.

Муродҷони Шовазир – роҳбалади осорхона

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОКундалкорӣ
Scroll to Top