Вохӯрии навбатие, ки дар толори пазироии Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» баргузор гардид аз ҷамъомадҳои пештара ба кулли фарқ дошт. Зеро ин навбат вохӯрӣ бо афсарону сарбозон, ҳомиёни шуҷои Ватан дар назар буд. Ҷамъомад «Артиши Миллӣ-сипари боэътимоди давлату миллат» унвон дошта, ба 23-юмин солгарди таъсиси Кувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда буд. Дар он афсарону сарбозони қисми ҳарбии 3501-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳассилини мактаби муттаҳидаи техникии ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи шаҳри Хуҷанд, гимназияи №1 ба номи М.Беҳбудӣ, литсейи математикию физикии ба номи М.Осимӣ иштирок доштанд. Қабл аз оғози вохӯрӣ оркестри нафасии қисми ҳарбии 3501 бо роҳбарии капитан Ақризобеков Ризобек дар назди осорхона марши ҳарбиро навохтанд. Ҷамъомадро омири осорхонаи таърихӣ М.Бойматов ҳусни ифтитоҳ бахшида суханро ба омири кулли МД «МФТ «Қалъаи Хуҷанд» И.Иброҳимов доданд. Он кас ҳамагонро бори дигар хайра мақдам намуда, моҳияти вохӯриро бо толибилмони синфҳои болоӣ шарҳ дода, меҳмононро бо аҳли толор шинос намуданд.
Сипас, Азизов Ш.Э.-полковник, собиқадори Қувваҳои Мусаллаҳ, ки яке аз шоҳидони ташкил ва ташаккулёбии Артиши Миллианд ба сухан баромада, зери мавзӯъи «Дастовардҳои Артиши Миллӣ дар 22-соли фаъолият» ба иштирокдорон оиди роҳи тайкардаи Артиши Миллӣ, душвориву норасоиҳо, қурбониёни роҳи озодӣ ва истиқлолият ҳарф зада, таъкид намуданд, ки «Тоҷикистони ҷавон бо роҳбарии Пешвои миллатамон Эмомалӣ Раҳмон тавонист мушкилиҳоро паси сар намуда, ба чунин рӯзҳои нек расад».
«Хизмат ба Ватан қарзи ҳар як шаҳрванд аст»-зери ин гуфтор Ғанихоҷаев Э.Ғ.-полковник, комиссари ҳарбии шаҳри Хуҷанд ва Олимҷонова Г.-афсари калони Раёсати қӯшунҳои дохилии қисми ҳарбии 3501 бошад перомуни «Таълиму тарбия дар Қувваҳои Мусаллаҳ»-андешаронӣ намуданд.
Сарбози қисми ҳарбии 3501 сержант Суннатуллои Худойдод ба ҷавонон оиди «Шароити хизмат дар Қувваҳои Мусаллаҳ», аз рафти хизмати ҳарбии худ ва ҳамсафонаш нақл намуд. Ин сарбози шуҷои Ватан тавонист бо зикри шеърҳои ватандӯстона толорро ба ларза оварад, ки намунаи ибрат ба ҳар як ҷавони ҳозирбуда гардид.
Ҳамчунин Мамадҷонова М.-корманди МД «МФТ «Қалъаи Хуҷанд» ва М.Қодиров аз Шӯрои ҷанговарони байналмиллалии вилоятӣ ба сухан баромада насли наврасро барои ҳифзи Ватан ва хизмат ба он даъват намуданд.
Дар қисмати бадеии чорабини сержанти қисми ҳарбии 3501 Исмоилҷон Исмоилов сурудҳо дар васфи Ватан ва оини ватандорӣ сароид ва муҳассилини мактабҳо - муҳофизони ояндаи Ватан бо ҳисси ифтихор аз ватандории худ ба ӯ ҳамовозӣ мекарданд.
Дар анҷом Иброҳимов Иброҳим Сангинович - омири кулли муассиса ба ҳамагон изҳори миннатдорӣ намуда, фаъолонро бо Сипоснома қадрдонӣ намуда, ба сайри илмӣ даъват намуданд.