Дирӯз дар ҳошияи сафари кории худ ҳайати гурӯҳи меҳмонон аз шаҳри Душанбе, бо роҳбарии Ҳикматулло Зоирҷон мудири котиботи дастгоҳи Мачлиси Миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳакназариён Гулчин мудири дастгоҳи Мачлиси Миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Суғд ташриф оварда аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дидан намуданд. Меҳмононро омири кулли МД “МФТ “Қалъаи Хуҷанд” Иброҳимов И.С. пешвоз гирифта баъдан аз таърихи таъсисёбии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд шинос намуд. Сипас аз тарафи мудири шуъбаи оммавӣ-фарҳангӣ ва робита бо ҷомеа Сайфиева Ш. Р ба меҳмонон сайри илмӣ гузаронида шуд.
Дар рафти сайри илмӣ меҳмонон аз таъриху фарҳанги куҳани ниёгони худ ошнои пайдо карда ба худ як ҷаҳон ғизои маънавӣ гирифтанд. Дар фарҷоми боздид меҳмонон дар китоби “Меҳмонони фахрӣ” таасуроти худро иброз намуданд ки чунин аст:
“Бо беҳтарин таманиёт ба тарғибгарони аслии таъриху фарҳанги ниёгони давлат ва миллати тоҷик!”
Баъдан меҳмонон аз толорҳои навбунёди “Қалъаи Хуҷанд” дидан карданд, ки онҳоро роҳбалад Махсумов Ш. ҳамроҳӣ намуд. Дар рафти боздид меҳмонон аз толори намоишӣ, растаҳои ҳунармандон, маҳаллаи ҳунармандон ва боқимондаҳои Арк-Хуҷанд дидан ба амал оварданд.
Юлдошева Умеда – роҳбалади осорхона