Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

МУАРРИФИИ НУСХАИ ҚАДИМТАРИНИ ОСОРХОНАИ ТАЪРИХИИ ВИЛОЯТИ СУҒД

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешври миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи фарҳанг дигаргуниҳои куллӣ ба амал омада, ки мо онро бевосита дар рушди фаъолияти осорхонаҳои кишвар ба таври возеҳ мушоҳида менамоем.

Осорхонаи таърихи вилояти Суғд ҳамчун яке аз муҳимтарин муассисаҳои илмӣ-фарҳангии кишвар дар баробари фароҳам овардани шароити мусоид баҳри фароғати фарҳангии сокинону меҳмонони шаҳри Хуҷанд дар ҷамъоварӣ ва ҳифзу нигоҳдории осори илмиву адабии бузургони миллати тоҷик нақши муассир дорад. Ҳоло дар толорҳои экспозитсионии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд нусхаҳои дастнавис ва чопҳои сангии шоирону мутафаккирони бузурги миллат ба маъраз гузошта шудаанд.

Дар ин мақола мо дар бораи нусхаи қадимтарини Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ҳарф хоҳем зад.

Айни ҳол дар фонди осорхона зиёда аз 400 адад нусха китоб нигаҳдорӣ мешавад, ки ба асрҳои гуногун тааллуқ дорад.

Яке аз қадимтарин нусхаҳои дастнависи нодир ин «Захират-ул-мулук»-и Мир Саййид Алии Ҳамадонӣ мебошад, ки тақрибан дар асри XVI навишта шудааст.

Пеш аз оғоз мехостем мухтасар дар бораи зиндагиномаи муаллифи китоб ҳарф занем.

Мир Саййид Алӣ ибни Шаҳобуддин Ҳамадонӣ – файласуф, мутакаллим, ориф, сӯфӣ, нависанда ва шоири форсу тоҷик. Соли 1314 дар Ҳамадон дар оилаи марди донишманду пурзаковат ва барӯманди замон чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Падараш ҳокими Ҳамадон буд ва аз аҳли имон буд. Дар таълими хуб гирифтан ва рушду камоли ӯ муҳити оила ва мавқеи ду олими забардасти Ҳамадон аз наздикони ӯ Шарофуддин Маҳмуд ибни Абдуллоҳи Маздаконӣ ва Таққиддин Алии Дӯстӣ хеле бузург аст. Дар чунин муҳити солим таълими хуби маънавӣ ва ахлоқи дарёфт ва дар синни 16-18 солагӣ аз илмҳои мавҷудаи замонаш комилан бархурдор шуд. Дар синни 19-солагӣ дар паи ҷустуҷӯи илму маърифат ва ҳақиқати асил ин муҳити барояш азизро тарк намуд. Аммо дар ҷавони бахти нокому тақдири носозгор Ҳамадониро овораю саргардон кард. Бештари умри хешро дар сафарҳои пай дар пай гузаронид. Дар мусофират ӯ Маккаю Мадина, Миср, Покистону Ҳиндустон, Осиёи Миёна Туркия ва дигар мамолики дунёро на аз барои молу мулки дунё ё тасарруфи он сафар мекард, балки ба расму русуми он халқхо аз наздик шинос мешуд, ба қадри ҳол ба онҳо кӯмак мекард. Дар ин сафарҳо ӯ бо авлиёҳои замон ҳамсӯҳбат мешуд, ки дар натиҷа асари тасаввуфии худро бо номи «Авроди фатҳия» эҷод кард. Мартабае, ки ӯ дошт хеле барвақт дар синну соли ҷавонӣ муяссар гардид. Дар ин бора худи ӯ чунин қайд кардааст: «Дар касби камол одами бе назари устод ба ҷое намерасад ва мартабаеро соҳиб нахоҳад шуд». Бори нахуст Алии Ҳамадонӣ соли 1373 ба вилояти Хатлон ва Кӯлоби имрӯза ташриф овардааст. Дар ин замон Темурланг ба Эрон лашкар кашида, ғоратгариҳои зиёде кард, шаҳрҳои тараққикарда Шерозу Табрез, Исфаҳону Ҳамадонро ба хок яксон кард. Алии Ҳамадонӣ тоқати дар ҳоли харобазор дидани ватани азизашро надошт ва таклифи Темурлангро дар хусуси дар дарбори ӯ хидмат карданро низ рад кард. Соли 1379  бо ҳамроҳи пайвандону муридони хеш Ҳиндустонро макони хеш қарор дод. Соли 1386 ба дарди ҷонкоҳе гирифтор шуд ва дар синни 73 вафот кард.

Мир Саййид Алии Ҳамадонӣ бо вуҷуди сафарҳои пай дар пайи тӯлонӣ боз имконият ёфт, ки як силсила асарҳои илмию бадеӣ офарад, ки то имрӯз аҳаммияти бузурги таърихиро дорад. Олимаи Ҳинд Саида Ашраф Зафар дар китобаш «Мир Саййид Алии Ҳамадонӣ» дар хусуси 44 асари форсӣ ва 21 рисолаи ба забони арабӣ таълиф намудаи ӯ маълумоти мухтасар додааст. Донишманди маъруфи Эрон Азизуллоҳ Аторудӣ дар хусуси 90 асари Алии Ҳамадонӣ ҳарф задааст ва таъкид кардааст аксарияти асарҳояш бо забони арабӣ буда ба хонандагонаш маълум нест.

Мир Саййид Алии Ҳамадонӣ асосан ба асарҳои насрии худ аз қабили «Макорим-ул-ахлоқ», «Захират-ул-мулук», «Вуҷудия», «Кашф-ул-ҳақоиқ» ва амсоли инҳо дар инкишофи тасаввуф саҳми босазо гузоштааст. Дар баробари асарҳои манзуми ӯ, ки шаклҳои ғазал, қитъа, рубоӣ, дубайтӣ, маснавӣ иншо шудаанд, ба мо мерос мондааст.

Асарҳои Алии Ҳамадонӣ дар китобхонаҳои машҳури Эрон, Покистон, Ҳиндустон, Тошканд ва як қатор шаҳрҳои ғарб маҳфузанд.

 «Захират-ул-мулук» - калонтарин ва муҳимтарин асари фалсафии Мир Саййид Алии Ҳамадонӣ мебошад. Асари мазкур аз муқаддима ва 10 боби мустақил иборат аст. Захират-ул-мулук асосан ба шароиту аҳкоми имон, адои ҳуқуқи наздикону фармонбарон, аҳкоми салтанату вилоят масъалаҳои ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ ва ахлоқи бахшида шудааст. Захират-ул-мулук дар пайравии китоби «Эҳёу улуми-д-дин»-Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ навишта шудааст. Инчунин ақидаҳои худи Мир Саййид Алии Ҳамадонӣ доир ба давлату давлатдорӣ, адолат, ҳуқуқи онҳо, тарбияи фарзанд, ғуломдорӣ ва ғ. инъикос гардидаанд.

Нусхаҳои хаттии ин асар дар китобхонаҳо машҳури ҷаҳон маҳфуз аст. Аз ҷумла, дар фонди Осорхонаи таърихи вилояти Суғд нусхае аз он таҳти рақами КВ 4350 маҳфуз аст, ки дорои мушаххасоти зер аст:

Нусхаи мазкур аз 217 барга иборат буда, соли китобати он маълум нест, аммо аз навъи хату қоғазаш маълум аст, ки нусха тақрибан дар асри XVI навишта шудааст. Аз сабаби афтодагии охири саҳифаҳои китоб котиби асар пайдо нагардид. Китоб бо хати насх китобатшуда, ба истиснои чанд саҳифаи охир комил аст. Оғози нусха чунин аст: «Ҳамду бисёр ва санои бешумор ҳазрати Маликеро, ки асбоби маош…». Нусхаи мазкур яке аз нодиртарин нусхаи «Захират-ул-мулук» ба ҳисоб меравад. Муқоваи он туранҷу сартуранҷ дошта, саҳифаҳо тармим карда шудаанд. Баъзе ҷумлаҳои арабии дохили китоб дар зер хати сурх доранд. Дар аввали китоб муҳр дида мешавад. Дар ҳар саҳифа 17 сатрӣ матн ҷой додашуда, бо қалам саҳифагузорӣ шудааст. Аз зоҳири китоб маълум аст, ки саҳифаҳои аввали китоб ва охир тармим шудаанд, зеро ҷое, ки матни китоб навишта шудааст, бо ранги саҳифаҳои баъдӣ фарқ доранд. Ҷилди китоб зарди хокӣ буда, фарсуда аст. Метавон ҳарф зад, ки он ҷилди аслии китоб набудааст ва нигаҳдорандаи асар онро дигар кардааст.

Хулоса. Мир Саййид Ҳамадонӣ аз бузургтарин донишмандони тоҷик маҳсуб гардида, дар пешрафти илму адаби тоҷик саҳми босазое гузоштааст.

Инчунин, асари ӯ «Захират-ул-мулук» асарест, ки дар шинохти ирфон ва маорифи сӯфиёна аз асарҳои оламшумул буда, барои дарёфти маърифтаи илоҳӣ китоби арзишманду муҳим мебошад.

Исобоев Даврон – мудири шуъбаи дастхатҳо ва табъу нашр

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОМУАРРИФИИ НУСХАИ ҚАДИМТАРИНИ ОСОРХОНАИ ТАЪРИХИИ ВИЛОЯТИ СУҒД
Scroll to Top