Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Рақс ва суруди фаронсавӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Бахшида ба Рӯзи байналмиллалии мусиқӣ  бо ибтикори аввалин ташкилоти ҷамъиятии “Маркази фарҳангии Фаронса дар шаҳри Хуҷанд”, барномаи фарҳангӣ бо иштироки донишчӯёни мактабҳои мусиқӣ ва шунавандагони курсҳои фаронсавӣ, дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” баргузор гардид.

Барномаи фарҳангиро  бахшида бо Рӯзи байналмилалии мусиқӣ  Темуров Муқим - директори ташкилоти ҷамъияти мазкур ифтитоҳ намуда оид ба боз беҳтар намудани робитаҳои фарҳангии байни ду кишвари Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фаронса ибрози ақида намуда , ҳамагонро дар ин лаҳзаҳои фароғатӣ хайру мақдам намуд. Сониян, барои болидахотирии меҳмонон мувофиқи нақша-чорабинӣ барномаи фестивали мусиқӣ  баргузор гардид, ки дар он сурудҳои фаронсавӣ, вокалӣ ва рақсҳои миллӣ аз ҷониби дастаи ҳунарии гуруҳи”Бунафша”, инчунин асарҳои композиторони классикони муосир садо дод, ки донишҷӯёни мактабҳои мусиқӣ ва шунавандагони курсҳои фаронсавӣ маҳорати навозандагиву сарояндагии хешро дар назди тамошобинон намоиш доданд.

Ҷоизи зикр аст, ки забони мусиқӣ оламшумул ва бесарҳад буда ба тарҷумон ниёз надорад.Бале, садои мусиқӣ  аз дил бархоста ба дил менишинад, ки забони мусиқӣ дарки инсонист ва ин дарк дар тафаккури тамошобин маъниеро сабт менамояд.    

Гуфтан ба маврид аст, ки савту сози мусиқӣ низ яке аз воситаи муҳими тарбияи зебошиносии  ҷамъият буда,  майли тафаккури инсонро ба меҳнат, мубориза ва ба корнамоиҳои бузурги зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад. Зеро ки он як намуди дастовардҳои инсонӣ буда, барои боз ҳам беҳтар намудани робитаҳои фарҳангии байни ду кишвари Тоҷикистону  Фаронсаро ба як сарчашмаи вохӯрӣ табдил дод, ки ҳамасола роҳандозии чунин  барномаҳои фарҳангӣ бо иштироки гуруҳҳои ҳунарӣ ва мусиқишиносон ҷашн гирифта мешавад.

Валӣ Набизод - котиби маркази иттилоотии МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОРақс ва суруди фаронсавӣ
Scroll to Top