Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Саломатӣ неъмати бебаҳост

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Тандурустӣ ва ё беҳдошти саломатӣ  ин солимии табиӣ, маънавӣ ва равонии инсон буда, саломатӣ ба инсон имконият медиҳад, ки муддати дароз ва фаъолона дар шароитҳои гуногуни муҳити зист кору фаъолият намояд.

Ба ин хотир, чун ҳамасола барои беҳдошти саломатии кормандон дар асоси нақшаи пешбинишуда ва бо ташаббуси Муҳаммад Садруддинов - сардори ҳифзи хадамоти меҳнатӣ Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, ҷиҳати солимии ҷомеа ҳамаи тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд. Бо мақсади  беҳдошти саломатӣ баҳри расонидани маслиҳати тиббӣ ва пешгири намудан аз ҳар гуна касалиҳо табибону мутахассисони соҳибкасб бо сарварии Шарипов Даврон- директори Филиали маркази давлатӣ”Маркази ҷумҳуриявии клиникаи бемориҳои касбӣ” дар вилояти Суғд, инчунин мудири филиали мазкур Иномӣ Иброҳим ва табибони гӯшу чашм ва пӯст, ҷарроҳ, амрози занона ва дигарон хизматрасонӣ намуданд.

Аҳли ҷомеаи меҳнатии муассисаи  мазкур дастаҷамъона аз муовини тиббӣ гузашта, дар дафтарчаи шахсии тиббӣ  оид ба солими қайд гардиданд. Зикр намуд, ки ин марҳилаи муҳим баҳри саломатӣ, ҷисми солим ва руҳи қавӣ дошта ғамхорӣ мекунад.

Гуфтан ба маврид аст, ки саломатӣ яке аз муҳимтарин сарвати зиндагӣ буда, вазифаи ҳар як инсон муҳофизат кардан, оқилона ва эҳтиёткорона истифода бурда тавонистани саломатӣ мебошад. Инчунин, дучор нашудан ба ҳар гуна бемориҳо, риоя намудани тарзи ҳаёти солим ва  ба маслиҳати табибону мутахассисон гӯш додан, бояд ҳар яки мо аз рӯи тавсияи онҳо амал намоем, чунки беҳуда нагуфтаанд- саломати неъмати бебаҳост.

Валӣ Набизод - котиби маркази иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОСаломатӣ неъмати бебаҳост
Scroll to Top