Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Муколама ва ҳамкории ду кишвар

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Санаи 18-20 июни соли 2024 дар вилояти Суғд, нахустин мулоқоти  Форуми занони Тоҷикистону Чин бахшида ба сафари Раиси Ҷумҳурии мардуми Чин ҷаноби Си Ҷин Пин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Муколама ва ҳамкорӣ” баргузор гардид.

Қайд намуд, ки  санаи 19-июни соли 2024 маросими кушодашавии намоишгоҳи муштараки расмҳои рассомони Тоҷикистон “Симои зан” ва симои каллиграфияи устодони чинӣ ”Маънии ҳаёт” дар толори тасвирии бинои Қалъаи таърихии Хуҷанди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии”Қалъаи Хуҷанд”ифтитоҳ гардид.

Меҳмононро шахсан Омири кулли муассисаи мазкур Иброҳимҷон Иброҳимов пешвоз ва хайру мақдам намуд.

Сипас, дар толори тасвирии Қалъаи таърихии Хуҷанд бо буридани лентаи рамзӣ  Бунафша Файзиддинзода - Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фирӯза Нуруллозода - Муовини якуми кумитаи кор бо занони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зайнура Азимӣ- муовини Раиси вилояти Суғд,  Хуршеда Хоҷазода - Раиси кумитаи занҳо ва оилаи МИҲД-и вилояти Суғд  инчунин аз ҷониби кишвари мардумии Чин, Ли Сяоъин- Муовини Раиси доимии комитети намояндагони мардумии музофоти Шэньси, Ван Чнаньфэн- Раиси комитети маҷлиси намояндагони мардумии музофоти Шэньси, Чэн Инъди- Раиси комисия кор бо намояндагони доимии комитети намояндагони мардумии музофоти Шэньси, намояндагони сарраёсати фарҳангӣ МИҲД-и вилояти Суғд , устодони коллеҷи рассоми ва меҳмонон иштирок намуданд.   Гуфтан ба маврид аст, ки муколама ва ҳамкорӣ на танҳо муштарак, балки бо анъанаҳои қадимаи фарҳангӣ ва тиҷоратӣ, ки аз замони Роҳи абрешими бузург сарчашма мегирад бо ҳам пайванд намуд. Ҳамчун талошҳои муштараки байни Тоҷикистону Чин такмил ва таъсис додани абзорҳои нави ҳамкории симои каллиграфияи устодони чинӣ, татбиқ намудани лоиҳаҳои бузурги стратегӣ ва рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои навоварӣ пешбини  гардидаанд.

Бояд зикр намуд, дар ҳошияи Форум иштирокчиён доир ба оиди масъалаҳои густариши табаддул ва ҳамкории занон баҳри рушд ва пешрафт дар мавзӯи “Муколама ва ҳамкорӣ”, ки хушнависи (каллиграфия) дарку ташхис ва таҳлилу тавсифи илмию фалсафаии кулли олами ҳастӣ ва фаъолияти хоси инсону ҷомеа арзиши баланде дорад, изҳори назар намуданд. Яъне инсон бо воситаи нақшу суратҳои рӯи сангҳо, рақс, тақлид ба ин ё он падидаҳои табиӣ ҳам худашро меомӯхт ва ҳам олами ҳастиро дарк мекард. Дар ин робита, аъзои ҳайати иштирокчиёни Тоҷикистон фаъолона иштирок намуда дар форуми мазкур  беҳтарин расмҳои рассомони Тоҷикистон, аксҳо ва маводҳои иттилоотӣ ба намоиш гузошта аз таърих, фарҳанг, санъати рассомӣ, сарватҳои табиӣ ва мавзеъҳои диққатҷалбкунандаи имкониятҳои сайёҳӣ инъикос намуданд.

Дар идомаи боздид иштирокчиён бо Мирзоева Иноятхон роҳбалади дараҷаи олии муассисаи мазкур сайри илмӣ аз ҳавлии ҳунармандони мардумӣ, ки санъати аҷдодии тоҷикон ба монанди бофандагӣ, қолинбофӣ, оҳангарӣ, дуредгарӣ, кулолгарӣ, наққошӣ , дузандагӣ ва ҳавлии тоҷир, ки ҳар як ҳавлии ҳунармандони мардумӣ собиқаи тӯлонии таърихӣ дошта қисмати муҳимтарин анъанаҳо ва таҷассумгари таҷрибаҳои халқи тоҷикро ифода мекунад, шинос гардиданд.

Валӣ Набизод- котиби маркази иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОМуколама ва ҳамкории ду кишвар
Scroll to Top