Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Дидор аз Қалъаи таърихии Хуҷанд

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Санаи 17-июни соли ҷорӣ ҳайати гуруҳи намояндагони расмӣ, таҳти  роҳбарии Губернатори вилояти Свердлови Федератсияи Русия, Шмыков.А.В ба вилояти Суғд, бо сафари корӣ ташриф фармуданд.

Дар доираи ҳошияи сафари корӣ меҳмононро муовини Раиси вилояти Суғд, Анвар Яъқубӣ ва дигар намояндагон роҳбалади намуда аз Қалъаи таърихии Хуҷанди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дидан намуданд. Ҳайати меҳмононро Омири кулли муассисаи мазкур Иброҳим Иброҳимов пешвоз ва хайру мақдам намуд. Сипас, меҳмонон  аз толорҳои намоишӣ, ки дорои таърихи куҳани халқи тоҷик, санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои нақшу нигори мардумӣ, ки аз хазинаи қадимаи халқи тоҷик маводу экспонатҳои нодир ҷойгир карда шудаанд, ошно гардиданд.

Гуфтан ба маврид аст, ки аз санъати баланди ҳунарҳои мардумӣ ва нақшу ороишҳои нотакрор писанди меҳмонон гардид. Баъдан меҳмонон ба китоби “Меҳмонони фахрӣ” таассуроти худро ёддошт намуданд;

“Аз номи ҳайати намояндагони вилояти Свердловск бо арзу эҳтироми дӯстона ба мардуми вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон. Бигзор дӯсти ва рафоқати мо ҳамеша пойдор бимонад.” А.В. Шмыков

Дар фарҷом  ҳайати меҳмонон  барои меҳмоннавози  ва  тамошои боҳашамати  нотакрори Қалъаи таърихии Хуҷанд, ки ба кас ҳаловати маънавӣ ва таассуроти нотакрор мебахшад, изҳори минатдори намуданд.

Валӣ Набизод - котиби маркази иттилоотии МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОДидор аз Қалъаи таърихии Хуҷанд
Scroll to Top