Аҳли ҷомеаи меҳнатии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, бо камоли эҳтиром тамоми мардуми шарифи кишвари Тоҷикистонро ба муносибати иди саиди Қурбон, ки яке аз маросимҳои суннатии гузаштагони мардуми мусалмон мебошад, сидқан табрику муборакбод менамоем.
Зикр намуд, ки иди Қурбон таҷассумкунандаи арзишҳои фарҳангии инсондӯстиву инсонпарварӣ, талқингари меҳру шафқат буда, бахусус навозиши ятимону бепарасторон, айёдату табрики хешу ақрабо, беморону пиронсолон ва аз ҳама муҳимаш хайру эҳсон намудан ба дармондагону ниёзмандон ва шахсони камбизоат яке аз фазилатҳои неки амали хайру савоб маҳсуб меёбад.
Иҷозат фармоед, боз як бори дигар ба ҳамаи мардуми шарафманди кишвари маҳбуб тансиҳатӣ, сарбаландӣ, ризқу рӯзии фаровон, саодати рӯзгор, хушбахтӣ ва некрӯзӣ, барору комёбиҳо ва шодмониву хурсандии ҳар як хонадонро таманно дорем.
Идатон муборак, ҳамдиёрони азиз!