Муаллимаи фанни забон ва адабиёти тоҷик дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и шаҳри Хуҷанд Фозилова Раъно дар байни ҳамкасбон ҳамчун яке аз омӯзгорони ҷӯяндаву эҷодкор шинохта шудааст. Ҳар як дарси муаллима бо усули хоса ҷараён мегирад. Аз ин ҷост, ки ӯ дарси навбатиашро дар тадрисгоҳи Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ гузаронид. Ин дарси ҳисоботию ҷамъбастии мавзӯъҳои «Ҳаёт ва ашъори Камоли Хуҷандӣ» буда, сараввал толибилмонаш мавзӯъҳои гузаштаро ба хотир оварданд. Аз ҳаёт ва фаъолияти Камоли Хуҷандӣ ҳикояҳо қисса намуданд. Ғазалҳо аз «Девон»-и шоир қироат карда, дар таҳлили маънӣ низ фаъол буданд. Ҳар яке аз шогирдони муаллима ифоданок ва хеле ҷаззоб ғазалхонӣ мекарданд. Дар ҷараёни дарс муколамаи муаллима бо шогирдон хеле хуб буд ва ҳамаи хонандагон иштироки назаррас доштанд. Яке аз шогирдон нақши Камоли Хуҷандиро низ иҷро менамуд. Аз ҷараёни дарс хеле хуб аён буд, ки муаллима таҷрибаи хуби корӣ дорад ва 45-дақиқаи нотакрорашро бо мақсад мегузаронад. Тӯли ин муддат муаллима тавонист барои болидахотирии шогирдонаш суруде аз ғазалиёти Камоли Хуҷандӣ шунавонад. Дар анҷом муаллима ба толибилмон бори дигар аз ғазалҳои сеҳрофарин, обрӯву нуфузи шоир дар байни шуарои Арабу Аҷам нақл намуд. Хуллас, дарси муаллима Раъно Фозилова баёдмонданӣ буд.