Ба тавонбахши фарогирии кӯдакони имконияташон маҳдуд, ки яке аз самтҳои муҳими соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ба шумор рафта, саҳми он беҳтар намудани саломатии маъюбон мебошад. Тавонбахшӣ ба кӯдакони дорои имконияташон маҳдуд имкон медиҳад, ки дар оянда онҳо самти мустақилонаи зиндагиро интихоб намуда, дар ҷомеа ҳамчун як фарди тавоною оқил хизмат карда тавонанд.
Маврид ба зикр аст, ки бо мақсади беҳтар намудани инкишофи ҳаматарафа, фароҳам овардани муҳити мусоид ба кӯдакони дорои маъюбиятдоштаи ташкилоти ҷамъиятии ”Манбаи меҳр”-и вилояти Суғд, ширхоргоҳ-кӯдакистони № 26-и шаҳри Хуҷанд , барои тариқи ройгон дидан намудан аз Қалъаи таърихии Хуҷанди Муассисаи давлатии”Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дархост намуда буданд.
Гуфтан ба маврид аст, ки шумораи кӯдакони имконияташон маҳдуд 70 нафарро ташкил дода бо ҳамроҳи волидайн бе ягон мамоният аз толорҳои намоишии Қалъаи таърихии Хуҷанд ва ҳавлии ҳунармандони мардумӣ аз наздик ошно гардиданд. Сипас, барои болидахотирии кӯдакон давр гаштан бо автоқатораҳои сайёри дохилӣ дар ҳудуди боғи фароғатӣ ва ҷамъомади нишасти маҳфили маърифатӣ бо пешкаш намуди самбӯсаҳои миллӣ, шириниҳои болаззат ва обҳои ташнашикани рангоранг, тариқи хайриявӣ аз ҷониби соҳибкорони нуқтаҳои савдои боғи истироҳатӣ, дар зери сояи сиёҳбеди лаби ҳавзи Чорбоғи хона-музейи ба номи Камоли Хуҷандӣ бо шунидани суруду мусиқиҳои дилнавоз ба кӯдакон ҳаловати тозае бахшид, ки хурсандии онҳо ҳадду канор надошт. Инчунин аз ҷониби мураббиён ташкил намудани барномаи ҷадиди бозиҳои шавқовар бо усулҳои замонавии тавонбахшӣ байни кӯдакон гузаронида шуд.
Бояд зикр намуд, ки бозиҳои шавқовар чун омили пешбарандаи фаъолияти кӯдакон дар инкишофи саломатӣ нақши муҳим мебозад. Вазифаи бозиҳои гуногун барои инкишоф, фароғат ва тарбияи зеҳнии шахсияти кӯдак, ифодагари табассуми завқи илҳоми модар, ки бо кӯдак оромона суҳбат мекунад, таъсир мерасонад. Кӯдакони маъюб дар натиҷаи нуқсёби ва коҳиши устувори саломатӣ аз беморӣ, ҷароҳатӣ, иллатҳои ҷисмонӣ ва ахлоқӣ боиси маҳдуд шудани фаъолияти зиндагӣ гардиданд, ки ба ҳифзи иҷтимоӣ ниёз доранд, набояд ҳеҷ кас бетараф бошад.
Валӣ Набизод - котиби маркази иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”