Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

ҚАЛЪАИ ХУҶАНД- МАКОНИ ТАЪРИХ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дирӯз дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд, ҷаласаи ҳайати намояндагони Кумитаи ҳамоҳангсозии Маркази минтақавии рушди иқтидор барои кишварҳои Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Муғулистон хазинаи байналмиллалии асъор дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Зикр намуд, ки дар идомаи ҳошияи сафари корӣ бо роҳбарии  Гулбаҳор Назирӣ - муовини сардори Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мирзозода Анвар - сардори Сарраёсати молияи вилояти Суғд, ҳайати меҳмонон ҷиҳати шиносоӣ боздид аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ва Қалъаи таърихии Хуҷанди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дидан ба амал оварданд.

Ҳайати меҳмононро Омири кулли муассисаи мазкур Иброҳимҷон Иброҳимов пешвоз ва хайру мақдам намуд. Сипас, аз ҷониби роҳбаладони Муассиса аз Осорхонаи таърихӣ вилояти Суғд  ва Қалъаи таърихии Хуҷанд сайри илмӣ гузарониданд. Сараввал меҳмононро, зимни боздид аз экпонатҳо ва ёдгориҳои мавҷуд будаи осорхона, ки моҳияти таърихии қадимаи халқи тоҷикро доранд бо урфу одат ва анъанаҳои неки гузаштагон  ошноӣ пайдо намуданд. Баъдан, дар китоби мулоҳизоти хотиравӣ бо чунин зайл ёддошт намуданд:

“Аъзои маркази минтақавии иқтидории Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Муғулистон (SC CАМТАС) барои меҳмоннавозӣ ва ошно сохтани таърихи кишвари зебои худ миннатдории  беандоза баён мекунам. Осорхона бисёр олиҷаноб аст, роҳбаладон ба мо маълумоти бештар доданд. Арзи сипос ба аҳли кормандони осорхонаи таърихӣ баён мекунам, ки моро хуш пазируфтанд”

Номберт Функи 

Дар идомабахши сайри илмӣ, ҳайати меҳмонон аз иншооти навбунёди бинои боҳашамати Қалъаи таърихии Хуҷанд аз толорҳои намоишӣ дидан намуда ба санъати меъморӣ, нақшу нигор, ки бо усулҳои милливу кандакорӣ бунёд гардидааст, аз наздик шинос гардиданд. Инчунин таъкид гардид, ки зимни азнавсозии Қалъаи таърихии Хуҷанд, ки ба мавзеи нотакрори ҷалби меҳмонон ва сайёҳони дохиливу хориҷӣ табдил ёфтааст бо чойхонаи миллӣ, меҳмононхона, растаҳои хизматрасонӣ ва намунаҳои ҳавлии ҳунармандони мардумии шаҳри Хуҷанд ва ҳавлии тоҷир, ки таърихи  қадимаи тоҷикро  инъикос менамояд аз наздик дидан намуданд.

Воқеан, боздид аз чунин макони таърихӣ ба кас ғизои маънавӣ мебахшад. Дар фарҷоми сайри илмӣ ҳайати меҳмонон аз пазироӣ ва меҳмоннавозии самимӣ ба роҳбарият ва ба аҳли кормандон, бахусус ба  ҳунари волои ҳунармандони халқи тоҷик изҳори сипос намуданд.

Валӣ Набизод - котиби маркази иттилоотии МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОҚАЛЪАИ ХУҶАНД- МАКОНИ ТАЪРИХ
Scroll to Top