Бо дархости расмии МИҲД-и ноҳияи Зафаробод, Абдусаломзода М.А - муовини раиси ноҳияи Зафаробод, оид ба тариқи ройгон бо мақсади аз наздик шинос гардидани гурӯҳи собиқадорони меҳнати ноҳияи Зафаробод пешниҳод гардида буд.
Ҳайати гурӯҳи собиқадорони меҳнат бо сарварии Рустамов Заҳриддин - раиси шӯрои собиқадорони меҳнати ноҳияи Зафаробод ба Қалъаи таърихии Хуҷанди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ташриф фармуданд.
Гурӯҳи меҳмононро роҳбалади муассиса Файзиева Нилуфар хайру мақдам гуфта, аз толорҳои намоишӣ сайри илмӣ гузаронида, аз таърих ва тамаддуни қадимаи халқи тоҷик маълумоти бештар ва аз наздик ошно намуд. Дар ҳар толорҳои намоишӣ меҳмонон истодагарӣ намуда аз махзани нигоҳдории ёдгориҳои давраҳои гуногун, санъати меъморӣ ва нақшу нигори офаридаи ҳунармандони мардумӣ, ашъору асарҳои безаволи шоирон ва намунаҳои ҳунару ашёи муҳимми таърихии дастовардҳои соҳаи гуногуни истиқлоли кишвар ба намоиш гузошта шудаанд, ки барои худ чун сайёҳи дохилӣ таассуроти ғизои маънавӣ бардошт намуданд, ки хело хотирмон буд.
Файзиева Нилуфар - роҳбалади Қалъаи таърихии Хуҷанд.