Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Эҳтироми фарҳанг муҳим аст

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар доираи сафари корӣ  Квон Донг Сок - Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ли Ҷи Сонг- консули Ҷумҳурии Корея дар шаҳри Душанбе, хонум Бэ Сан Хи- корманди масъули сафорат ва инчунин шахсони масъул, дар  шаҳри Хуҷанд ташриф фармуданд. Мувофиқи нақша-чорабинии барномаи корӣ аз Қалъаи таърихии Хуҷанди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дидан намуданд.

Меҳмонони олиқадрро шахсан Омири кулли муассисаи мазкур Иброҳимҷон Иброҳимов пешвоз ва хайру мақдам намуд. Сипас, меҳмононро аз толорҳои намоишии Қалъаи таърихии Хуҷанд, роҳбалади муассиса Тошматов Даврон, доир аз нигораҳои таърихӣ, санъати меъмории нақшу нигорҳо, ёдгориҳои  таърихи тамаддуни  қадимаи миллати тоҷик сайри илмӣ гузаронида маълумоти бештар дод.

Баъдан, меҳмонон аз чойхонаи “Қалъаи Хуҷанд” ва ҳавлии ҳунармандони мардумӣ, доир аз зисту зиндагии даврони қадимаи тоҷикон, тарзи ба хотири муаррифии  фарҳангу тамаддун бо ороиш ва ҷиҳози қадимаи анъанаҳои нек ва зебопарастии халқи тоҷикро таҷассум менамояд, ки писанди меҳмонон гардид.

Дар фарҷоми боздид меҳмонон боз як бори дигар изҳори миннадори намуда гуфтанд, ки эҳтироми фарҳанг муҳим аст, зеро гиромидошти волоияти қалъаи таърихӣ диққати бештари ҳамагонро ҷалб менамояд.

Валӣ Набизод - котиби маркази иттилоотии МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОЭҳтироми фарҳанг муҳим аст
Scroll to Top