Ҳамасола санаи 1-уми июн дар саросари кишвари дунё ҳамчун иди “Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон” таҷлил мегардад, ки Тоҷикистон низ яке аз шумораи чунин кишварҳо ба шумор меравад.
Бояд зикр намуд, ки ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус иқдомҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъмини ҳаёти осоиштаи кӯдакон, таъмин ва риояи ҳуқуқу озодиҳои онҳо, дар руҳияи меҳру муҳаббат ба Ватан ва ҳамчун насли солиму созанда тарбия ёфтани кӯдакон равона гардиданд. Дар натиҷаи ин саъю талошҳо ҳаёти фарзандони кишвар сол аз сол беҳтару рангинтар мегардад, ки кӯдакон ояндаи миллат мебошанд.
Ба ин хотир, бахшида ба муносибати ҷашни” Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон”, дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии ”Қалъаи Хуҷанд”, дар якҷоягӣ бо ширкати ҶДММ ”Фаровон-1” чорабинии фароғатӣ аз соати 17:30 то 21:30 бо иштироки даҳҳо кӯдакон ва меҳмонону шаҳрвандон чорабинии идона баргузор гардид.
Дар саҳнаи боғи истироҳатӣ барномаи майдончаҳои тематикӣ ба монанди Аква-грим, курсичаҳои мусиқавӣ, бозии Твистер, бозии Дартс ва Форт-боярд бо иштироки кӯдакон гузаронида шуданд.
Инчунин, бозиҳои шавқовар, тақсимоти пуфакҳои брендӣ, намоишҳои найрангбозӣ, шоу-барномаи кӯдакона аз ҳаҷвнигорони STAND-UP ва мусиқии зинда аз гурӯҳи дастаи навозандагон ва овозхонони ҷавон иҷро гардиданд. Бояд гуфт, ки ин чорабинии фарҳангию фароғатӣ барои рушди ҳаматарафаи солимии кӯдакон ҳам ҷисмониву ҳам зеҳнӣ таъсир расонида, дар оғӯши фазои оромиву озод, муҳити пурмуҳаббат ва эҳсоси ғамхорӣ ҳис карда шуд, ки то дер идома ёфт.
Гуфтан ба маврид аст, ки дар фарҷоми маъракаи идона аз ҷониби роҳбарияти ширкати Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Фаровон-1” ва кормандони муассисаи мазкур баҳри болидахотирии дӯстрӯякон шириниҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд, ки хело хотирмон буд.
Валӣ Набизод - котиби маркази иттилоотии МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”