Аҳли ҷомеаи меҳнатии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии ”Қалъаи Хуҷанд” бо фарорасии таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдаконро ба кулли кӯдакону наврасон шодбош гуфта, барояшон даврони саодатёрии наврасӣ, оромию осудагӣ ва табассуми беғаши кӯдакиро таманно дорем. Бигзор кӯдакони кишвари маҳбубамон ҳамеша сарбаланду саодатманд ва ворисони арзандаи Ватани азизи хеш бошанд.
Ҳамеша сарбаланд ва комёбу солим бошед, кӯдакони азизу меҳрубон!