Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Дӯсти бимонад ҷовидон

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дирӯз дар доираи сафари корӣ бо роҳбарии Ҳаитов Ориф Болиқулович - сардори раёсати фарҳанги вилояти Самарқанд, Нарзиқулов Дилшод Рустамович - роҳбари раёсати рушди сайёҳӣ ва роҳбарони меҳмонхонаҳои мухталиф, инчунин, Қилиҷов Аслан - роҳбари гурӯҳи маҷмааи "Регистон" ва Ҳакимов Илҳом Халилович - роҳбари масҷиди маҷмааи "Бибихонум" дар шаҳри Хуҷанд  ташриф фармуданд. Дар асоси нақша - барномаи сафар корӣ боздид  аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ва Қалъаи таърихии Хуҷандӣ Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дидан намуданд.

Меҳмононро шахсан, Омири кулли муассисаи мазкур Иброҳимҷон Иброҳимов пешвоз ва хайру мақдам намуд. Сипас, меҳмононро  роҳбалади дараҷаи олӣ Мирзоева Иноятхон аз толори давраҳои мухталифи Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, роҷеъ ба моҳияти ёдгориҳои тамаддуни таърихии халқи тоҷик  маълумоти бештар дод. Баъдан, роҳбалади муассиса Алишери Меҳринисо аз иншооти навбунёди Қалъаи таърихии Хуҷанд аз толорҳои намоишӣ, ки бозёфтҳои давраҳои гуногуни таърихӣ, ашъори асарҳои безаволи шоирон ва дастовардҳои истиқлол дар соҳаҳои гуногун ҷамъоварӣ ва ба намоиш гузошта шудааст, шинос намуд. Инчунин аз намунаи ҳавлиҳои ҳунармандони мардумӣ, ки бо тамоми арзишҳои ниёгон инъикос ёфтааст, ошно гаштанд.

Ҳадаф ин мақсади тараққӣ додани соҳаи рушди сайёҳӣ, муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишвар ва фарҳангӣ миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин ҷалби сармоя ва инфрасохтори сайёҳӣ мебошад. Гуфтан ба маврид аст, ки соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарманди мардумии ду кишвар афзалиятноки сарватҳои миллӣ дошта  бо ҳам алоқамандии зич доранд.

Меҳмонон дар сатҳи баланди санъати нотакрори меъмории азнавсозии Қалъаи таърихии Хуҷанд хело баҳои баланд доданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар робитаи равнақ бахшидани рушди сайёҳии байни МД МФТ "Қалъаи Хуҷанд" ва маҷмааи "Регистон", маҷмааи "Бибихонум"-и шаҳри Самарқанд созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Қобили зикр аст, дар фарҷоми боздид аз ҷониби меҳмонон оши палави самарқандӣ пухта дар гирди сари дастурхони дӯстӣ ҷамъ омаданд, ки хело хотирмон буд.

Валӣ Набизод - маркази иттилоотии МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОДӯсти бимонад ҷовидон
Scroll to Top