Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Боздиди собиқадорони ҷангу меҳнати вилояти Суғд аз МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Санаи 29-уми майи соли 2024 бо роҳбарии Раиси шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилояти Суғд, Турсунбой Раҳматов ва зиёда аз 20 нафар раисони ташкилоти иттифоқи собиқадорони шаҳри Исфара аз Қалъаи таърихии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”дидан намуданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки қалъаи таърихӣ ба як макони илму адаб мубаддал гардидааст, ки бинандаро ба худ ҷалб мекунад. Бо ин хотир гуруҳи меҳмононро роҳбалади муассиса Гафурова Дилноза сайри илмӣ аз толорҳои боҳашамати намоишӣ, ки бо ороишу санъати нақшу нигор зеб медиҳад, маълумоти бештар дод.

Толорҳои намоишӣ, ки макони таърихӣ ва фарҳангии ҳар давру замони гуногуни зиндагӣ ва эҷодиёти миллати халқи тоҷикро дар бар мегирад. Инчунин, меҳмонон аз ҳавлии ҳунармандони мардумӣ ,тарзи сохтмони манзил зиндагии фарҳангӣ ниёгон ошно гардиданд.

Воқеан, меҳмонон аз чунин ёдгориҳои таърихӣ ғизои маънавӣ бардошта,барои  хотироти нек аксбардори намуданд.

Ҳоҷӣ Валӣ Набизод-маркази иттилоотии МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОБоздиди собиқадорони ҷангу меҳнати вилояти Суғд аз МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”
Scroll to Top