Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Таҷлили Рӯзи сарҳадбонон

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

 Бахшида ба муносибати  Рӯзи сарҳадбонон, ҳамасола 28-май дар саросари кишвари Тоҷикистони азиз ҷашн гирифта мешавад.Ба ин хотир, дар асоси нақша-чорабинии Шӯрои иттифоқи собиқадорони ҷанговарони интернатсионалисти вилояти Суғд, бо сарварии Қобилов М ва иштирокчиёни собиқадорони  ҷанги Афғонистон  аз Қалъаи таърихии Хуҷандӣ Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дидан намуданд.

Ҳозирин иштирокчиён ва меҳмононро Омири кулли муассисаи мазкур Иброҳимҷон Иброҳимов пешвоз ва бо  ҷашни пурифтихори “Рӯзи сарҳадбонон“ табрику муборакбод намуд. Сипас, аз роҳбалади муассиса Сайфиева Шарифахон меҳмононро аз толорҳои намоишии қалъаи таърихӣ аз наздик ошно ва сайри илмӣ гузаронид. Ӯ гуфт, ки толорҳои намоишӣ аз давраҳои гуногуни халқи тоҷик ҳикоят мекунад, ки марказҳои маданию фарҳангӣ гузаштагон бунёд намуда аз худ осори бойи илмӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ, адабӣ ва ғайра боқӣ гузоштаанд.

Бо тавассути ҳунарҳои мардумӣ дастовардҳои нодиртарини фарҳангӣ ҷамъоварӣ шудаанд, маълумоти мухтасар дод. Баъдан дар идома сайри илмӣ мавзеъҳои ҳавлии ҳунармандони мардумӣ ба монанди ҳавлии хаттот, дуредгарӣ, кулолгарӣ ба монанди инҳо , ки ёдгориҳои қадимаи халқи тоҷикро бо урфу одат, тарзи нигоҳдории манзил ва мероси ғанӣ дошта, хусусиятҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ ва маданияти давраҳои гузаштаро инъикос мекунад, дар заминаи ҳамкорӣ бо ҳунармандони мардумӣ, кандакориву нақшу нигор оид ба офаридани маводҳои ниёгон бо сатҳи баланди илмӣ, ки тарзи зиндагии гузаштаро бо имрӯз мепайвандад, маълумоти бештар дод.

Дар фарҷом дар саҳнаи Қалъаи таърихии Хуҷанд меҳмонон дастаҷамъона барои хотираи нек аксбардорӣ намуданд.

Ҳоҷӣ Валӣ Набизод - маркази иттилоотии МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОТаҷлили Рӯзи сарҳадбонон
Scroll to Top