Дирӯз, санаи 27 майи соли 2024 иштирокчиёни конфронси ҷумҳуриявии раисони кумитаҳои иҷроияи 18 шаҳру навоҳии вилояти Суғд, дар шаҳри Хуҷанд бо сарварии муовини аввали Раиси ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, муҳтарам Азизӣ А.А аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ва Қалъаи таърихии Хуҷандӣ Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дидан намуданд.
Меҳмононро Омири кулли муассисаи мазкур Иброҳимҷон Иброҳимов пешвоз ва хайру мақдам гуфт. Сипас, роҳбалади Осорхонаи таърихӣ вилояти Суғд, Саидова Дилором сайри илмӣ гузаронида аз таъриху тамаддуни ёдгориҳои бостонию нодири миллати халқи тоҷик, ки оинаи таърихи куҳанбунёди миллат ба шумор меравад, ошно намуд.
Бояд гуфт, ки имрӯзҳо дар даврони соҳибистиқлоли кишвари азиз нақши осорхонаҳои таърихӣ, ки ба ҳайси таҳкурсии бунёдкориро иҷро мекунад, ошно гаштан басо муҳим аст. Дигаре бошад, меҳмонон аз толорҳои намоишии Қалъаи таърихии Хуҷанд ва ҳавлии ҳунарҳои мардумӣ аз таъриху тамаддун, урфу одат, анъанаҳои миллӣ, ки инъикоскунандаи таърих мебошад, дидан намуда ба санъати меъмории ҳунармандони мардуми халқи тоҷик баҳои баланд доданд.
Гуфта шуд, ки халқе ки ба гузаштааш арҷ мегузорад, нигоҳдории қавии таърихӣ дорад, ки барои пешбурди таълиму тарбияи насли наврасу ҷавонон, чун макони таърихӣ хизмат хоҳад кард.
Дар фарҷом аз номи иштирокчиён ба китоби мулоҳизот ёддошт намуданд;
“Санаи 27.05.2024 иштирокчиёни конфронси ҷумҳуриявӣ бо роҳбарии муовини аввали Раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Азизӣ А.А бо раисони кумитаҳои иҷроияи 18 шаҳру навоҳии вилояти Суғд аз Қалъаи Хуҷанд шинос гардида аз таърихи куҳани халқи тоҷик шинос гардида ба он баҳои баланд доданд”
Муовини якуми Раиси ҲХДТ А. Азизӣ
Ҳоҷӣ Валӣ Набизод - маркази иттилоотии МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”