Ободкориву созандагӣ, баҳри ободу зебо гардонидани на танҳо роҳҳои пиёдагарду роҳравҳо, балки табдил додани гулгашту гирду атрофи ҳудуди Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ба шумор меравад.
Боғбонони ботаҷриба ҳамарӯза саъю кӯшиш доранд , ки боғи фароғатӣ барои сайру гашти истироҳаткунандагон ва меҳмонон ҳамеша гулпӯшу хуррам бошад. Аз оғози мавсими баҳор то ба имрӯз барои хушрӯйу муаттар тобиш додани гулҳои мавсимӣ дар қатори дигар гулҳои намоишӣ боз як намуди гулҳои рангоранги мавсимӣ бо номи “геран” ба миқдори 15 000 адад аз ҷониби боғбонон шинонида шуданд.
Боғбонон мегӯянд, ки афзалиятнокии гулҳои мавсимии рангоранги намуди геран дар он аст, ки аз мавсими баҳор то охири тобистон намуди ороишии худро гум намекунад ва хосияти табобатбахши ҳам дорад. Баъди муддате назар кардан ба ин табиати нотакрор инсонро ба хати хаёлҳои гулҳои шукуфони мавсимӣ аз як самт ба самти дигар сафар мекунонад, ки хеле аҷиб метобад.
Ҳоҷӣ Валӣ Набизод - маркази иттилоотии МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”