Санаи 18-уми соли 2024, бахшида ба “Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо”, дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” иқдоми байналмилалии “Шабе дар осорхона” баргузор гардид.
Дар ифтитоҳ бо сухани табрикоти Омири кулли Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, Иброҳим Иброҳимов ҳозиринро бо ҷашни касбӣ табрику муборакбод намуд. Дар ин чорабинии мазкур намояндагон Пӯлотова Мунзифахон Абдусатторова- Раиси кумитаи иҷроияи ҳизби халқи демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва Қодирова Фотимахон- Раиси иттифоқи касабаи коркунони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳӣ дар вилояти Суғд иштирок ва суханронӣ намуданд. Инчунин меҳмонон ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок варзиданд. Дар идомаи чорабини аз ҷониби маъмурияти муассисаи мазкур бахшида ба ҷашни иди касбӣ кормандони фаъоли муассисаро бо ифтихорномаю сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки бахшида ба “Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо” иқдоми байналмилалии “Шабе дар осорхона”, аз соати 16:00 то 22:00 баҳри тамошобинон осорхонаҳо дарҳои худро тариқи ройгон боз намуд.
Дар бахши иқдоми ”Шабе дар осорхона” тамошобинон аз осорхонаҳо дидан намуда аз ёдгориҳои тамаддуни таърихӣ халқи миллати тоҷик ва аз фарҳангӣ қадимаи пурғановати дастовардҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ошно гардиданд.
Бояд гуфт, ки яке ҳадафҳои баргузории барномаҳои фарҳангию фароғатии чорабинӣ ин барномаҳои солҳои қаблиро иваз намуда, барномаҳои ҷадид ва ҷолибу роҳатбахшро пешниҳоди тамошобинон намуд.Кормандони муассисаи мазкур пайваста кӯшиш менамоянд, ки намоишу чорабиниҳои шаклашон гуногунро ташкил ва омода намоянд. Дар ин иқдоми “Шабе дар осорхона”, дар саҳнаи боғи фароғатӣ кӯдакон бо суруду рақсҳои ҷолиб ва бо дӯстдоштатарини қаҳрамонони афсонавӣ бозиҳои шавқовар гузарониданд. Инчунин баҳри тамошобинон ба намоиш “Ретро-автомобил”гузоштани тамғаи автомашинаҳои сабукрави нодири истеҳсолӣ замони шӯравӣ ба монанди “Вилюс ”-Газ-67, “Волга”- Газ-21, “Победа” -М20 , “Москвич”- М407, ”Москвич”-М412,”ВАЗ”- 2101 ва байкерҳои мотосиклронони тезҳаракат аз кишвари Узбекистон иштирок ва роҳандозӣ намуданд.
Гуфтан ба маврид аст, ки дар “Шабе дар осорхона” сайру гашти озоди сокинону меҳмонон аз Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, зиёрати мақбараи рамзии Шайх Хоҷа Камоли Хуҷандӣ аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ва аз Хона-музейи ба номи Камоли Хуҷандӣ, тамошобинон, тариқи ройгон дар умум 5371 нафар тамошо карданд.
Маврид ба зикр аст, ки мақсади шаби хотирмони иқдоми байналмилалии “Шабе дар осорхона” он фароғати шаҳрвандон ва нишон додани осорхонаҳо чун меҳвари макони фарҳангию таърихӣ, ки бахусус ба наврасону ҷавонон таъсири ғизои маънавӣ мерасонад ин тамошои осорхона мебошад.
Ҳоҷӣ Валӣ Набизод- маркази иттилоотии МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”