Дар саросари кишвари Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола 15- май “Рӯзи оила” ҷашн гирифта мешавад. Зеро ки оила бақои давлат ва зерсутун ва пойдори тарбияи насли наврас аз он сарчашма мегирад.
Чӣ тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карда гуфта буданд: «Оилаи солим ин фарзанди солим аст, фарзанди солим ин ҷомеаи солим мебошад».
Аз ин лиҳоз дирӯз дар Муассисаи давлатии маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» дар хона-музейи Камоли Хуҷандӣ бахшида ба рӯзи оила аз тарафи телевизиони Симои мустақили -1 дар ҳамкори бо КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, барнома-ток шоу- “ Печутоби замон” бо баранда Муҳаббат Ҷӯраева баргузор гардид. Ин чорабини таҳти унвони «Оила асоси муваффақияту пешрафти шахсият» буда, дар он аъзоёни ҲХДТ-и шаҳри Хуҷанд ва оилаҳои намунавӣ ва меҳмонон даъват карда шуданд. Дар ин барнома, яке аз оилаҳои собиқадор ва намунавии шаҳри Хуҷанд Миркалонов Мӯҳсин Насруллоевич ва Абдумалик Турсунов бо оилаи худ иштирок доштанд. Мақсад ва баргузории чорабинии мазкур муқаддас доштани арзишҳои оиладорӣ, нигоҳдории меҳру муҳаббат ва ҳамдигарфаҳмӣ дар оила, баланд бардоштани маърифатӣ оиладорӣ, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, омода намудани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдор нигоҳ доштани оила мебошад. Яъне оиладори ҳадафи рисолати худро дошта, гузаштагони ниёгони халқи миллати тоҷик мероси зиёде гузошта рафтанд.
Дар фарҷоми барнома баҳри болидахотирии ҳозирин барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандон баргузор гардид.
Тошматова Таҳмина- роҳбалади Хона музейи ба номи Камоли Хуҷандӣ.