Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” тасмим гирифтааст, ки санаи 18-уми май ба ифтихори Рӯзи байналмиллалии осорхонаҳо маъракаи “Шабе дар Осорхона” баргузор намояд.
Дар ин иқдом якчанд чорабиниҳо аз қабили барномаи фарҳангӣ барои наврасон дар даромадгоҳи осорхона, намоиши ретро автомобилхо ва ғ. дар ҳудуди Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, хамчунин, аз соати 16:00 то 22:00 боздид намудан аз тамоми осорхонаҳои маҷмаа - ба тариқи ройгон ба роҳ монда шудааст.
Аз ин лиҳоз, тамоми сокинон ва меҳмонони кишвари азизамонро ба ин маърака лутфан даъват менамоем.