Дирӯз, дар Муассисаи давлатии “Коҳи фарҳангии Суғдиён”, бо иштироки олимону устодон ва меҳмонону донишҷӯёни таҳсилоти олии байни ду кишварҳои Тоҷикистону Узбекистон , таҳти унвони “Ҳамкории минтақавӣ: ояндабинӣ ва омилҳои рушди устувори иқтисодиёти Тоҷикистон ва Узбекистон ва мавқеи олимон дар амалишавии он” конференсияи илмии монографияи байналмиллалӣ баргузор гардид.
Дар ин радиф, бахшида ба муносибати 80-солагии Арбоби шоистаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академики АУБ МО, профессори фахрии донишгоҳи Техаси ИМА, доктори илмҳои иқтисодӣ, шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, профессор Назаров Абдушукур Абдураҳмонович ҷашн гирифта шуд.
Сухани ифтитоҳиро муовини Раиси вилояти Суғд, Анвар Яъқубӣ кушода гуфта, меҳмонону иштирокчиёнро хайру мақдам ва соҳибҷашнро муборакбод намуд. Ӯ аз ҷумла гуфт, ки ҳамкории устодону олимон дар коркарди монография намояндагони вилоятҳои Намангон, Андиҷон ва Фарғонаи Ҷумҳурии Узбекистон бо устод Назаров А.А. оид ба барномаи байналхалқӣ доир ба асосҳои иқтисодиёти бозоргонии ду кишвар масъалаҳои мукамалкунии низоми идоракунӣ ва худидоракунии маҳаллӣ дар Осиёи Миёна ҳарф зад.
Қобили зикр аст, ки профессор Назаров А.А. дар ин муддати начандон тӯлони тавонист, чаҳор минтақаро оид ба монографияи байналхалқӣ ба ҳам оварад. Тадқиқотҳои устод Абдушукур Абдурахимович бо проблемаҳои менеҷментӣ, соҳибкорӣ, омилҳои иқтисодию иҷтимоии болоравии ҳосилнокии меҳнат, татбиқи усулҳои иқтисодию риёзӣ ва коркарди моделҳо дар тадқиқи иқтисодӣ, таҳлил ва мукамалкунии низоми мунитсипалии байналхалқӣ равона гардидааст.
Зикр намуд, ки профессор устод Назаров А.А. муаллифи зиёда аз 250 асарҳои илмӣ ва методӣ- таълимӣ мебошад, ки аз он ҷумла, 14 монография ва 20 китобу дастурҳои таълимӣ мебошад, ки дар донишгоҳҳои олии кишвар истифода мебаранд. Инчунин, дар назди манзили хеш китобхонаи шахсӣ ба номи бобояшон Шайх Муҳаммадсултон Маъсуми Хуҷандӣ ва профессор Назаров А.А , ки дар он зиёда аз 8 ҳазор теъдод китобҳо ва ҳуҷраи китобхонаи электронӣ баҳри мухлисони дониш фаъолият дорад.
Дар фарҷоми чорабини меҳмонон, пайвандон ва шогирдони устод ба ифтихори фархундаи солгарди 80-умин солгарди умри баҳораш табрику муборакбод намуданд. Ногуфта намонад, ки дар навбати худ намоянда аз Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, аз номи кормандон соҳибҷашнро табрик гуфта комёбиҳои беназир таманно намуд.
Ҳоҷӣ Валӣ Набизод - маркази иттилоотии МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”