Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Эҳсоси ватандӯстӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дирӯз, дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии ”Қалъаи Хуҷанд”, бахшида ба 79-умин солгарди ҷашни “Рӯзи Ғалаба” бо иштироки Консули генералии Федератсияи Русия дар шаҳри Хуҷанд, муҳтарам Сергей Васильевич Ланкин ва меҳмонону устодон, донишҷӯёни макотиби олию миёна, инчунин сокинони шаҳру ноҳияҳо, рӯзноманигорон ва васоити ахбори омма чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

Бо сухани ифтитоҳи Омири кулли муассисаи мазкур, Иброҳим Иброҳимов, ҳамагонро бо муносибати ҷашни фирӯзи “Рӯзи Ғалаба” табрику муборакбод намуд  ва чорабинии мазкурро  кушода гуфта эълон намуд.

Сипас, сухани табрикотиро ба Консули генералии Федератсияи Россия дар шаҳри Хуҷанд, муҳтарам С.В.Ланкин дода шуд. Ӯ дар баромади хеш қайд намуд, ки дар таърихи ду кишварҳои бародару дӯст Тоҷикистону Русия, ки бо гузашти солҳо дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, солҳои 1941-1945 бо эҳсоси ватандӯстӣ баҳри озод намудани хоки Ватан паҳлӯ ба паҳлӯ истода ҷанги шадиди хонумонсӯз бар зидди фашизм ҷонфидоҳо намуданд бо шиори “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад”  ёд мекунем. Дар идомаи сухан гуфта шуд, ки хотираи онҳоеро, ки бо гузашти зиндагӣ ҷанговарони асил дунёро падруд гуфтанд, пос медорем. Эҳтиром ба оилаҳои онҳо ва шаҳидони ҷангро ҳамеша ба ҷо меоварем.

Сониян, баҳри болидахотирии меҳмонон дар бахши фарҳангӣ аз ҷониби  овозхонон ва санъаткорони шинохтаи вилояти Суғд, сурудҳои маъруфи ҷангӣ, ба монанди “Катюша”, “Рӯзи Ғалаба”, “Ман бо духтаре вохӯрдам”,”Аскар дар шаҳр қадам мезанад” ба монанди инҳо бо забони русӣ сароида шуда аз тарафи гуруҳи ансамбли рақсии “Чаманоро” ва “Гулноз” рақсҳои солҳои ҷангиро иҷро намуданд. Дар идомаи чорабини аз ҷониби навравсону толибилмон бахшида ба ҷашни “Рӯзи Ғалаба” шеъру сурудҳои таъсирноки ёди шаҳидону ҷанговарон қироат карда шуданд.

Дар фарҷоми чорабини аз ҷониби ҳофизи шинохта Абдулло Холматов, чун анъана  суруди “Рӯзи Ғалаба”-ро  бо  ҳамроҳи ҳунарманд  тамошобинон бо як овоз суруд хонданд, ки ба чорабини ҳусни тоза бахшид.

Ҳоҷӣ Валӣ Набизод- маркази иттилоотии МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОЭҳсоси ватандӯстӣ
Scroll to Top