Мардуми шарафманди Тоҷикистон Рӯзи Ғалабаро дар радифи халқу миллатҳои дигар ҳамеша бо арҷгузориву қадрдонӣ аз корномаҳои ҷангиву ҷоннисориҳои фарзандони худ ва гиромидошти хотираи неки сарбозону афсароне, ки аз ҷабҳаи набард барнагаштанд, таҷлил мекунанд. Имсол низ ин иди пуршукӯҳ бо шаҳомати хоса дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд таҳти унвони 9- май –Рӯзи хотира ва шараф баргузор гардид.
Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии омири кулли Муассисаи давлатии Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” Иброҳимов И.С. оғоз гардид.
79-сол муқаддам дар ҳамин гуна рӯзҳои баҳорон хабари маҳви фашизми гитлерӣ, анҷоми музаффаронаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва муждаи Зафар дар рӯи замин танинандоз гардид.
Мо Рӯзи Ғалабаро бо арҷгузориву қадрдонӣ аз корнамоиҳои ҷангиву ҷоннисориҳои ҳамдиёронамон ва гиромидошти хотираи неки сарбозону афсароне, ки аз ҷабҳаи набардҳои хунини Ҷанги Бузурги Ватанӣ барнагаштаанд, таҷлил менамоем.
Ҳар қадар, ки таърих моро аз он солҳои мудҳиши ҷанг дуртар мебарад шаҳомати корномаи беназири халқ ҳамон қадар бароямон равшантар мегардад ва сабақи таърих аҳамияти бештар пайдо мекунад.
Ҷашн гирифтани Рӯзи Ғалаба махсусан барои дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, садоқат ба давлату миллати хеш ва далериву ҷавонмардӣ, бузург кардани насли ҷавону наврас нақши бузург дорад. Инчунин, пос доштани номи онҳое, ки ба хотири рӯзгори орому осудаи мо ҷонбозӣ нмаудаанд, қарзи виҷдонии ҳар яки мост.
Дар чорабинӣ намояндагони Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд, Шӯрои собиқадорони ҷанговарони интернатсионалист, устодон ва донишҷӯёни МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, донишҷӯёни МД “Донишгоҳи байналмиллалии сайёҳӣ ва соҳибкороии Тоҷикистон” намояндагони муассисаҳои Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, намояндагони Васоити ахбори омма ва кормандони МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” иштирок доштанд.
Ҳадаф аз баргузории чунин вохӯриҳо пос нигоҳ доштани хотираи қаҳрамонони майдони набард ва ба ҷо овардани эҳтироми ёди собиқадорони ҷанг буда, қарзи пурифтихори фарзандӣ ва рисолати шаҳрвандии ҳар яки мо мебошад.
Сайфиева Шарифа – мудири шӯъбаи оммави – фарҳангӣ ва робита бо ҷомеа