Имрӯзҳо дар саросари кишвари маҳбубамон Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамасола иди бузурги “Рӯзи Ғалаба” ҷашн гирифта мешаванд. Ба хотири пос нигоҳ доштани шаҳидони Ҷанговарони Бузурги Ватанӣ, ки ҷони худро нисор карданд, бахшида ба ҷашни “Рӯзи Ғалаба”, воқеъ дар мавзеъи майдони “Панҷшанбе-и шаҳри Хуҷанд, муҷассамаи оташи абадии “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст” гузошта шудааст, бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳри Хуҷанд, иштирокчиёни ақибгоҳи Ҷанги Бузурги Ватанӣ, сафи қӯшунҳои хизматии горизонти ҳарбӣ, аҳли зиёиён, ташкилоту муассисаҳо ва донишҷӯёну толибилмон, меҳмонону сокинон чорабинии идона баргузор гардид.
Маврид ба зикр аст, ки намояндагони аҳли ҷомеаи меҳнатии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, дар қатори дигар мақомоту ташкилот ва идораҳо, оид ба корнамоиҳои иштирокчиёни ҶБВ, ки амалиётҳои ҳарбӣ зидди фашизм ҷон фидо карданд, сари таъзим фуруд оварда гулчамбарҳо гузоштанд.
Гуфтан ба маврид аст, ки Рӯзи Ғалаба дар радифи дигар ҷашнҳо санаи фаромӯшнашуданӣ мақоми хоса дорад. Ин ҷашни бузурги Рӯзи Ғалаба барои тамоми инсоният, аз ҷумла Тоҷикистониён азизу муътабар дониста мешавад. Бигзор, насли ояндаи Тоҷикистон бо чунин ҳисси бузурги ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ неруи худро танҳо барои ободии Ватани хеш сарф намоянд.
Ҳоҷӣ Валӣ Набизод - маркази иттилоотии МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”