Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Фестивал - Сайри гули лола

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Санаи 01-майи соли 2024 дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе даври ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии “Сайри гули лола” баргузор гардид.

Дар даври ҷамъбасти Фестивали “Сайри гули лола”, роҳбари  корӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зиёзода Сулаймон, муовини якуми роҳбари гуруҳи кории ҷумҳуриявӣ, Раиси кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъазод Шарифҷон,  намояндагони вазорату идораҳо, вилоятҳою шаҳру ноҳияҳо ва гулпарварони беҳтарини гӯшаву канори мамлакат ва меҳмонон иштирок намуданд.

Ҳадаф аз баргузории чунин озмун пеш аз ҳама баланд бардоштани завқи гулпарварӣ, баланд бардоштани сатҳи донишу фарҳангӣ, бедор намудани илҳоми зебопарастӣ ва обод намудани муҳити зист, муҳаббат ба гулпарварӣ ва дар ин замина ҷалб намудани рушди соҳаи сайёҳӣ мусоидат  хоҳад кард.

Бояд зикр намуд, ки  фестивали мазкур аз  рӯйи 10 номинатсия баргузор гардид, ки дар он ба ҳар номинатсия се ҷойи ифтихори ғолиб дониста шуд. Аз ҷумла, дар номинатсияи “Гулпарвари беҳтарин”, ба Абдусалом Шодибеков- директори Боғи фарҳангию фарҳангии ба номи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, бо дипломи дараҷаи II-ум ва мукофотпулӣ сарфароз ва қадрдонӣ  гардонида шуд.

Ҳоҷӣ Валӣ Набизод- маркази иттилоотии МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОФестивал - Сайри гули лола
Scroll to Top