Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Шайдои Хуҷандӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Шайдои Хуҷандӣ яке аз шоирони намоёни асри XVIII-и Хуҷанд мебошад, ки якчанд нусхаи девонҳои ӯ то замони мо омада расидааст. Зикр кардан ба маврид аст, ки нусхаҳои гуногуни девонҳои Эшони Шайдоро дар ганҷинаи дастнависҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, китобхонаи миллии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ, фондҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар китобхонаи шаҳрҳои Қӯқанду Бухоро, Самарқанду Озорбойҷон, Санкт- Петербургу Тошканд  бозёфт кардан мумкин аст.

Инчунин, ғазалу мувашшаҳҳои Шайдои Хуҷандӣ ба бисёр баёзҳои қаламӣ ва чопӣ дохил карда шудааст. Соли таваллуди ин шоир то ҳол  аниқ нест. Шайдои Хуҷандӣ охирҳои асри XVII  ва аввалҳои асри XVIII дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Давраҳои ҷавонӣ ва солҳои таҳсили ӯ дар  шаҳри Хуҷанд гузашта, ба шаҳрҳои Қӯқанду Тошканд, Самарқанду Бухоро сафар намуда бо шоирони он давра мушоироҳои адабӣ намуда, мулоқоти доимӣ доштааст.

Гуфтан ба маврид аст, ки “Девон”-и Шайдои Хуҷандӣ, ки дар асоси чаҳор нусхаи қаламии шоир мураттаб шудааст, таҳти  № 6188 дар китобхонаи умумии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, барои дилбастагони сухани ноб пешкаш гардидааст.

 Дар Қалъаи таърихии Хуҷанд, баъди азнавсозӣ яке аз толорҳои намоишӣ бо номи “Ҳавзаи илмӣ- адабии Хуҷанд”, ки бо санъати баланди касбии миллӣ наққошӣ, гаҷкорӣ, кундалкорӣ гардида,  дастхатҳо, қаламдон, лавҳ, давотдон ва дигаре вобаста ба ҳаёту фаъолияти олимони Хуҷандӣ бостонӣ, шоирону ҳунармандони номвари халқи тоҷик пешкаши тамошобинон гардонида шуда, минҷумла  муҷассамаи Шайдои Хуҷандӣ, ки аз тарафи ҳайкалтарош Юсуфҷон Юсупов омода гардидааст, қомат афрохтааст.

Зикр намудан ба маврид аст, ки асоси девони шоир аз ғазалҳои рангин иборат буда, дар ашъораш ишқи поки инсонӣ тараннум ёфтааст. Шоир бо ду забон эҷод карда, ҳамчун адиби зуллисонайн ( яъне донистани ду забон) шуҳрат пайдо кардааст. Ба ҳамаи нусхаҳои девонҳояш ҳам шеъри тоҷикӣ, ҳам ғазалҳои узбекӣ дохил шуданд. Шеърҳои узбекии шоир дар равияи ғазалҳои Бобораҳим Машраби Намангонӣ, ғазалҳои тоҷикиаш бошад, дар равияи Ҳофизи Шерозӣ бо оҳангҳои озодафикрӣ навишта  шуданд. Дар ашъори шоир аз нобаробариҳои замон фарёду нолаҳо ба гӯш мерасад:

Фалак доим паи озор дар тадбири ман бошад,

Надонам то чӣ рӯзе меҳнати тақдири ман бошад.

                       ***                          ***                       

 Навбаҳорон омаду шуд шӯриши девонаҳо,

 Мерасад фарёд бар гӯшам зи булбулхонаҳо.

Ғазалҳои Шайдои Хуҷандӣ ниҳоят суфтаву равон буда, онҳо аз табъи баланду маҳорати беназири шоир гувоҳӣ медиҳад. Дар ашъори ин шоири ширинкалом ҳам ишқи поки инсонӣ, ҳам шикоят аз замона ва шоҳону амирон баён шудааст. Сатрҳои зерини шоир аз ҳамин қабил шеърҳоянд:

Гаштам ошиқи шайдо, мани Шайдо чӣ кунам?

Кард расво ғамат ин дам,мани расво чӣ кунам?

Ба гулу лолаву насрину суман менигарам,

Аз ғами ёди ту буд, ман ҳам аз инҳо чӣ кунам?

                         ***                         ***                   

Дареғ, ғунчаи матлаб дар ин саро нашкуфт,

Гули нишони ҳамоне ба рӯи мо нашкуфт.

Дар ин баҳор магар одати шукуфтан нест,

Ки табъи ғунчаам ҳаргиз ба муддао нашкуфт.

                             ***                          ***                 

Қатраи ашке фишонам, баҳри Уммон мешавад,

Гиряе созам, ҷаҳон ғарқ оби тӯфон мешавад.

Ошиқам, ошиқ, намедонад касе  аҳволи ман,

Нуктае ифшо кунам, олам парешон мешавад.

Ҷодаи печидаи домани саҳрои ғамам,

Синаамро во кунам, даште биёбон мешавад...

                            ***                        ***                       ***

Шоир доимо ғами мардумро мехӯрд. Дили бечорагонро пурсиш кардан ва аз аҳволи онҳо хабардор шуданро ташвиқу тарғиб мекард. Ба ақидаи шоир дили ғарибу бенавоёнро ёфтан беҳ аз Каъба иморат кардан, пурсиши як дили озурда аз сад бор зиёрати ҳаҷ беҳтар ҳисоб мешавад:

Дил гирифтан беҳтар аз Каъба иморат кардан аст,

Пурсиши як дил беҳ аз сад ҳаҷ зиёрат кардан аст.

Агар девони шоирро бодиққат мутоила намоем, нолаю фарёдҳои шоир ҳадду канор надорад. Ин ҳолат дар шеърҳои узбекии Шайдо ҳам айнан ҳамин тавр ифодаи худро ёфтааст. Дар сатрҳои зерини узбекии шоир ҳам фарёду нолаҳои ӯ баръало шунида мешавад:

Ман ҳар саҳаре нолаи мастона қилурман,

                                                    чун ошиқи Шайдо.

Бутхонаю ҳам Каъбани майхона қилурман,

                                                      бе соғару саҳбо.

Бошимни олиб, “ҳув” деюб оламга юрсам,

                                                        монанди Маҷнун,

Зуҳҳоди ҳарамни ҳама девона қилирман,

                                                           Бе сабру маҳобо...

Ҳаёти шоир асосан дар шаҳри бостонии Хуҷанд гузашт. Ӯ як умр бо эҷодиёти адабӣ машғул буда, дар оилаи Шайдои Хуҷандӣ роҳи эҷодии ӯро писараш Мирзо Шӯхӣ Хуҷандӣ идома додааст.

Шайдои Хуҷандӣ дар охирҳои қарни асри XVIII тахминан дар соли 1745 дар шаҳри Хуҷанд  вафот мекунад. Ин гӯяндаи бомуҳаббатро мардуми маърифатпарвари Хуҷанди бостонӣ то имрӯз  номи некашро пос медоранд ва маҳаллае, ки Шайдои Хуҷандӣ  зиндагӣ кардааст, то ҳоло бо номи “Гузари Шайдо”  ё  “Эшони Шайдо” шинохта мешавад.

Ҳоҷӣ Валӣ Набизод-маркази иттилоотии МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОШайдои Хуҷандӣ
Scroll to Top