Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Чойхонаи миллӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар асл, агар ба фарҳанги тафсири забони тоҷикӣ назар афканем, маъном “чойхона” ҷойи махсус, ки барои нишаста чой нӯшидан ва истироҳат истифода мешавад, ифода мекунад. Яъне, ҷойи ҷамъиятиест, ки  барои истироҳат ва аз самоворхона ва хонақоҳи чойнӯши иборат мебошад.

Гуфтан ба маврид аст, ки чойхонаҳо дар Осиёи Миёна тақрибан дар охири асри XIX, баъди маъмул гардидани чой ба вуҷуд омаданд. Чойхонаҳо  солҳои пеш аввал дар Бухоро, минбаъд дар Самарқанд, Тошкент, Хуҷанд, Истаравшан, Конибодом, Панҷакент, Қуқанд ва дар деҳоту водиҳои Фарғонаю Зарафшон пайдо гардиданд. Зикр намуд, ки чойхонаҳо дар маҳаллаҳо, бозору чоркӯчаҳҳои серодам  бино шуда буданд, ки ҳар як чойхона ба худ номгузорӣ шуда буданд.

Доштан ва будани чойхона дар шаҳру ноҳияҳо боиси ифтихори мардум мебошад, зеро ки дар чойхона нишастан, суҳбати чун чой гарму доғ бо наздикону дӯстон ба кас ҳаловати маънавӣ мебахшад. Одатан ,дар чойхона ба катҳои кандикоршуда оро дода шудааст, нишаста бо маданияти самимӣ бо овози андаке пас суҳбат мекарданд, ки овоз ба кати нишастаи  ҳамсояро халалдор накунад.Ин ҳолатро дар аксари мардуми муқимӣ, ки фарҳанги одоби муоширати нишастро медонистанд, дидан мумкин аст.

Воқеан, чойхона дар маҳаллаҳои зист як мактаби одаму одамгарӣ буд, ки он ҷо аслан калонсолони маҳалла ҷамъ меомаданд. Дигаре бошад, касе ки вориди чойхона мегардид, чойхоначӣ бо тарзи эҳтиром чойнику пиёларо бо оби гарму доғи самовор тоза намуда, чойи дилхоҳро дам карда медоданд.Албатта, ба як лаъличаи алюминий як пиёла нишолло  ё чор лунда қанди сафед бо нони гарми обӣ пешкаш менамуданд.

Шахсони алоҳида бошанд, дар болои кат бо машғули бозии варзиши зеҳнӣ бо шоҳмоту шашка машғул мешуданд. Инчунин, садои мусиқии форами шашмақом ба гӯш мерасид, ки ба рӯҳи инсон ғизои маънавӣ мебахшид. Зикр  намуд, ки дар чойхона оши палови миллии ҳарифона ташкил мекарданд, асбобҳои зарурӣ, мисли таҳдегӣ, табақ,коса,ҳезум ва ғ. таъмин менамуданд ва танҳо маблағи ин асбобҳо ва ҷойи нишаст пардохт мешуду халос. Мақсад аз будани чойхона танҳо чойнӯшӣ нест, ин корро дар хона низ кардан мумкин аст, лек дар хона он фароғате, ки  дар чойхона ҳаст,  суҳбати самимии ёру дӯстон ёфт намешаванд.

Маъмулан, чунин намунаи зебои боҳашамати замонавии чойхонаи миллӣ бо номи “Қалъаи Хуҷанд”, дар мавзеъи  Қалъаи таърихии Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи таърихию фароғатии “Қалъаи Хуҷанд”, бо иҷрои  волои ҳунарҳои мардумӣ кандакорӣ, гаҷкорӣ ва наққошии миллӣ бо тамоми шароит аз ҷиҳати ороишӣ беҳтарин  сохта ба истифода дода шудаанд.

Қобили зикр аст, ки ҳамзамон  чойхона ба ҷузъ он ки як рукни миллати халқи тоҷик буд ва ҳаст, ки дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ҷойи нишаст ва макони фароғатӣ ба ҳисоб меравад, то ҳоло мавқеи худро аз даст надодааст.

Ҳоҷӣ Валӣ Набизод - маркази иттилоотии МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”

     

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОЧойхонаи миллӣ
Scroll to Top