Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Табиати дилрабо

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар асл, инсоният дар кадом ҳолате набошад, дар куҷое зиндагӣ накунад, ба табиат ва ҳастии офаридашудааш эҳтиёҷ дорад. Яъне, ба ҳастии табиати зебои ҳаёт ҳар як ҷисми зинда бо обу хок, боду ҳаво, гулу гулбуттаҳою набототу растаниҳо зич алоқамандӣ дорад. Ин  сарвати бузург ба табиат имконият медиҳад, ки ҳамаи ҳастиҳо аз он пурбор гардида, тамоми растанию набототҳо нашъунамо ёфта гулу мева ба бор меоранд.

Ба хотири хуб нашъунамо ёфтани нардҳои  ҳосилхези  ангурҳои тоифа,ҳусайнӣ, дили кафтар, кишмишӣ ва дигаре аз ҷониби боғбонон, ки  дар боғи токи ангурзори Чорбоғи хона-музейи ба номи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”шинонида шуда буданд, тариқи ҳашар - шанбегӣ болои ходаҳои навтарошидаи бед партофта шуданд, ки ба  макони табиати васеъи офтобраси токзор табдил ёфт.

Дигаре бошад, барои афзудани инкишофи табиат, ободи ва тозагии муҳити зист, барои истироҳаткунандагони Боғи фароғатию фарҳангии ба номи Камоли Хуҷандӣ аз ҷониби боғбонон бо шинонидани гулу гулбуттаҳои ороишии мавсимӣ машғул ҳастанд.

Дар ҳолати сайру гашт аз табиати зебо ва аз ҳавои тоза, муаттари дилнишин дар боғи фароғатӣ ба ҷисми инсон ҳаловат мебахшад. Боғбонони ботаҷриба аз фурсати қулай истифода бурда барои хуб нашъунамо намудани гулҳои рангоранг бо маҳлулҳои махсуси безараргардони ба гулу гулбуттаҳо пошида  аз бемориҳо ва ҳашаротҳои зараррасон, ки зебогии гулҳоро вайрон мекунанд безарар гардониданд, ки бешубҳа ба гулу гулбуттаҳо ва зебогии табиат кӯмак хоҳад кард.

Бояд гуфт, ки табиат ҳамеша ба нигоҳбинии дурусти инсоният ниёз дорад, бахусус дар зери сояи дарахт нишастан ба чатри сояафкан ташбеҳ дод, ки  бо ҳавои тозаи форам мисли табиати дилрабо касро ба оғӯши худ мекашад, ҳамеша эҳтиёт кард.

Ҳоҷӣ Валӣ Набизод- мутахассиси маркази иттилооти МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОТабиати дилрабо
Scroll to Top