Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Шоми эҷодӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Санаи 16-апрели соли 2024, дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, маҳфили” Шоми эҷодӣ”, аз ҷониби ёрдамчиёни ихтиёрии донишҷӯёни парки технологии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар  маҳфили шаби эҷодӣ намоянда аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мутахассиси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд, Қаҳҳорова Муноҷот ва ёрдамчиёни ихтиёрии донишгоҳ Раҳматуллоева Парвина, Алиматова Азиза ва шахсони масъули донишҷӯён фаъолона иштирок намуданд. Тибқи нақша-чорабинии барномаи мазкур ҳар як донишҷӯ бо табъу завқи хеш шеъри тозаэҷодӣ худро, ки моҳияти баланди рисолати каломи шеърӣ дорад, ба монанди хушбахтӣ, ҷавонӣ, хайру шар, ватанро дӯст медорам ва инчунин ғазалҳои адибони классикиро қироат намуданд.

Гуфтан ба маврид аст, ки бо оҳанги дилнавози навохтани асбоби мусиқии скрипка ба риштаи назм кашидан ва хондани шеър ба тафаккури инсон қувват ва зеҳни тоза мебахшад, яъне ақлу фаросат, идрок ва инсонро ба завқу андеша мебарад. Албатта, ҳар як эҷодкор  бояд лафзи ғанӣ аз маънӣ дошта бошад, ки ба осонӣ ба даст намеояд. Мақсади ҳар як эҷоди шеър ба истеъдод ва тозагии баён  равона гардидааст. Дар воқеъ, санъати маҳорати шеъргӯии донишҷӯён ин ба сӯи қуллаҳои баланди эҷодӣ ва мунтазам такмил додани маҳорати бадеӣ, яъне ташаббуси эҷодӣ, маҳорат, услуб, жанрҳо ва эътимоднок ҷамъбаст намудани воқеаҳои ҳаёт ба эҷод намудани шеър кӯмаки маънавӣ мерасонад.

Дар фарҷоми маҳфили шаби эҷодӣ бо иштироки микрофони озод, шоу бозии шавқовар бо саволу ҷавоб, баланд бардоштани маҳорати эҷодӣ, таъсири тарбиявӣ ва ахлоқӣ дошта, зеҳни инсони маърифатпарварро пурқувват мегардонад  ва  бо навохтани оҳанги зиндаи вокалӣ чорабинии мазкур ҷамъбаст гардид.

 Ҳоҷӣ Валӣ Набизод- маркази иттилоотии МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”

 

   

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОШоми эҷодӣ
Scroll to Top