Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Конфронс дар Осорхона

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар Осорхонаи таърихии Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» конфронси илмӣ дар мавзӯи «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва Пешвои миллат-фахр ва пешбарандаи миллати мост» баргузор гардид.

Ба кори конфронс омири осорхона М.Бойматов оғоз бахшида, суханро ба омири кулли  муассиса Иброҳимов И.С. доданд. Он кас меҳмононро муаррифӣ намуда, ҳамагонро бо рафти кори конфронс шинос намуданд. Бобокалонов А. – профессори кафедраи таърихи умумии ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, муовини аввали раиси Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар мавзӯи «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат» баромад намуда, қайд намуданд, ки «қабули ин қонун воқеаи муҳимтарин дар таърихи чаҳорякасраи Тоҷикистони навин аст».

«Эмомалӣ Раҳмон – сиёсатмадор аз ҷаҳони хирад ва андеша»-зери ин мавзӯъ Ш.Шарипов-номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърихи ватани ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров сухан ронда, таъкид намуданд, ки «Миллати тоҷик як қатор сиёсатмадорони болаёқатро тарбият кардааст. Замоне ки Эмомалӣ Раҳмон сардори давлат интихоб шуд, ӯ хеле ҷавон буд, шояд аз найрангҳои пасипардагӣ воқиф набуд. Вале сарбаландонаву муваффақона монеаҳоро паси сар намуда, то ба дараҷаи саёсатмадори арсаи ҷаҳонӣ расида тавонист».

Ҳамчунин дар конфронс перомуни «Эмомалӣ Раҳмон бунёдгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» Юлдошев Р.-номзади илмҳои таърих, дотсент, мудири кафедраи таърихи умумии ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров ва оиди «Пешвои миллат-эҳёгари ҳуввият ва фарҳанг»-Хоҷаева М.-мудири шӯъбаи таърихи давраи муосири МД «МФТ «Қалъаи Хуҷанд» баромад намуданд.

Дар кори конфронс ҳамчунин аз Паёми навбатии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон сухан рафт.

Ин конфронси илмӣ бо иштироки профессорон аз донишгоҳҳои олии вилоят, намояндагони муассисаҳои таълимию фарҳангӣ, воситаҳои ахбори омма, донишҷӯён дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ ҷараён гирифт. Дар анҷом ба аҳли нишаст гӯшаи «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат»,  фарогири аксҳо аз таърихи Истиқлолияти Тоҷикистон ва асарҳои ба Пешвои миллат бахшида шуда, ки аз ҷониби китобхонаи илмии маҷмаа ҷамъоварӣ гардида ба намоиш гузошта шудааст, муаррифӣ гардид.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОКонфронс дар Осорхона
Scroll to Top