Бо шарофати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон анъанаҳои фарҳангии миллӣ эҳё гардида истоданд. Бояд зикр намуд, ки санаҳои 27-29 уми марти соли равон Фестивал-озмуни вилоятии ”Сад ранги чакан” дар макони истироҳатии Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” баргузор гардид. Бо мақсади муаррифи намудан ва арҷгузоштан ба тамаддуни таърихи қадима дар асоси нақшаи чорабинии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, бахшида ба Наврӯзи байналмиллалӣ байни бонувону духтарони намояндагони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, бо иштироки Муовини раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, Сардори кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон дар вилояти Суғд Хуршеда Хоҷазод, устодон ва донишчӯёни донишгоҳҳои олӣ, тарроҳони чирадаст, муррабиён ва тарбиятгарони кӯдакистонҳо, намояндагони воситаи ВАО ва дигарон иштирок намуданд.
Тантанаи ҷашни давраи бахши ҷамъбастии Фестивал-озмуни”Сад ранги чакан”-ро Муовини раиси вилояти Суғд, Зайнура Азимӣ ҳусни ифтитоҳ бахшид.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар фестивал-озмун маҳсулоти ҳунарҳои бадеи халқӣ аз қабили гулдӯзӣ,зардӯзӣ, чакан, атлас.ороиши суннатӣ, навъҳои сӯзанӣ, либоси маросимӣва рӯзмарра аз ҷониби иштирокчиёни озмун пешниҳод гардиданд.
Бояд зикр намуд, ки намоиши ҳунарҳои чакандӯзони чирадаст- ҳунармандони мардумӣ маҳорати дастони чакандӯзҳо таҷассуми зиндагӣ ва ҷаҳони маънавӣ ва миллии тоҷикон буда, аз фарҳангӣ бои мардуми халқи тоҷик шаҳодат медиҳад.
Дар ҷамъбасти озмун ба маҳорати ҳунармандони мардумӣ аз ҷониби ҳайати доварон баҳогузорӣ карда шуданд. Дар бахши беҳтарин тарроҳҳони чакандӯзӣ: Абдураҳмонова Мавзуна - шаҳри Панҷакент, Ҳакимова Мавҷуда - ноҳияи Мастчоҳ ва Ғозибекова Матлуба- ноҳияи Ашт. Дар бахши беҳтарин дӯхти либоси кӯдакона: Ахмедова Шаҳноза - ноҳияи Б.Гафуров, Сатторова Матлуба- шаҳри Гулистон ва Ёқубова Мубина- шаҳри Исфара. Дар бахши беҳтарин дӯхти либоси рӯзмарра: Шарифбоева Нигина- шаҳри Хуҷанд, Ниёзова Ҳилола- шаҳраки Истиклол ва Носирова Саодат- шаҳри Истаравшан.
Дар бахши беҳтарин дӯхти либоси маросимӣ ва идона: Ахмедова Азиза- шаҳри Хуҷанд, Абдураҳмонова Гулноза- ноҳияи Ҷ. Расулов ва Шоҳназарова Мӯмина- шаҳри Исфара. Дар бахши беҳтарин дӯхти либоси расмӣ: Қобилова Садоқат - ноҳияи Деваштич, Ахмедова Манзура- соҳибкор аз шаҳри Хуҷанд ва Ҳакимова Мавҷуда- ноҳияи Мастчоҳ. Дар бахши беҳтарин дӯхти навъҳои сӯзанӣ: Пӯлотова Мафтуна - шаҳри Хуҷанд, Салимова Орзугул- ноҳияи Зафаробод ва Азизмуродова Малоҳат- ноҳияи Шаҳристон. Инчунин ғолибон бо диплом ва сипосномаҳо ба Муассисаи давлатии кӯдакистон- ширхоргоҳи ”Президентӣ” ва кӯдакистони хусусии “Шукуфаи Истиқлол” дар шаҳри Хуҷанд, сарфароз ва мақомҳои ифтихориро ба даст оварданд.
Ҳоҷӣ Валӣ Набизод-маркази иттилотии МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”