Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Боғи гулзор

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Баҳор яке аз фаслҳои зеботарини сол ба шумор меравад. Ин фаслро фасли пурфайз ҳам меноманд, ки дар фасли баҳор дарахтон, гулу гулбуттаҳо ва тамоми наботот гул мекунанд, ки замин ҷомаи нав мепӯшад ва табиат аз нав зинда мешавад. Дар асл, гулбоғ ҷойи рӯи замин ва парвариш ёфтани гулу гулбуттаҳои мавсимӣ мебошад.

Асосан,  барои ороишу зиннат бахшидан дар боғҳои истироҳатӣ, кӯчаву хиёбонҳои марказӣ ва чорбоғҳо гулҳои рангоранги зебои мавсимӣ шинонида парвариш мекунанд.

Қобили зикр аст, ки аз ҷониби боғдорони Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии”Қалъаи Хуҷанд”, барои шинонидани гулу гулбуттаҳои мавсимӣ майдончаҳои заминро омода намуда истоданд. Бояд таъкид намуд, ки навъҳои гули мавсимии рангоранг ба монанди  гулҳои петуния шаш намуди ранг дорад, вобаста ба мавзеъ шинонида шуданд. Инчунин шохбур ва шаклдарории дарахтони ҳамешасабз, шинонидани дарахтони ороишии ҳамешасабз байни фаввораҳо  идома дорад.

Боғбонон мегӯянд, ки гулҳоро тавре интихоб кардан лозим аст, ки зебо бошанд ва бо таровату накҳати худ бояд ба ҳусни боғи истироҳатӣ ҳусни нав зам кунанд. Инчунин  сабзамайдончаҳоро аз алафи бегона дар мавриди зарурият бо мошини махсус паст дарав мекунанд. Дар бунёди шинонидани  гулҳои мавсимӣ боғбонон аз нақшаҳои муҳандисӣ истифода мебаранд, ки секунҷа, доирашакл, мураббаъ ва дарозрӯя сохта, гулҳои рангорангро пай дар пай шинониданд, ки гӯё дар  рӯйи замин сӯзанӣ паҳн шуда бошад.

Мусаллам аст, ки дар боғи фароғатӣ гулҳои рангоранг  ба ҳамин минвол шинонида шуданд, ки дар  муддати мавсими шукуфоии табиат зебову ботароватро аз худ боқӣ хоҳад монд.

Ҳоҷӣ Валӣ Набизод-маркази иттилоотии МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОБоғи гулзор
Scroll to Top