Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Наврӯз- иди баҳор аст

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Ҷашни Наврӯз яке аз ҷашнҳои куҳанбунёд буда, умри дарози беш аз шашҳазорсола дорад. Наврӯз- иди баҳор буда ҷашни қадимтарини ниёгони халқи тоҷик ба шумор меравад. Ҷашни Наврӯзро, ки бофарорасии гармии ҷонбахши баҳор оғоз меёбад, метавон гуфт ки иди бошукуҳи бедоршавии эҳёи табиат аст. Воқеан, сухани тоза дар васфи Наврӯз гуфтан басо мушкил аст, вале вуруди фасли эҳёи табиат муҳаббати инсонро водор менамояд, ки ҳарфе аз наҳкати баҳор аз боди наврӯзӣ риштаи таҳрир кашид.

Наврӯзи аҷам бо нақшаҳои созандагии хеш ба кишту кори замин, тоза намудани ҷӯйборҳо, пошидани донаҳои умед, шинонидани дарахтон ва гулу гулбуттаҳо, минҷумла ба оғози мавсими баҳор инсонро ҳидоят мекунад. Аз ин лиҳоз, мардуми халқи тоҷик ин ҷашни муқаддаси ниёгонро бо хурсандиву сурур арҷгузории беандоза пешвоз гирифта, беҳтарин орзуву ормонҳои хешро бо Наврӯзи баҳорӣ пайванд медонанд.

Гуфтан ба маврид аст, ки дар эҳёи фарҳангу маросим ва арзишҳои суннатии ниёгон, аз он ҷумла Наврӯз, хидматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург аст. Сарвари давлат дар яке аз суханрониашон иброз намуданд: “Наврӯз дар фарҳанги халқи тоҷик аз қадимтарин ва муқаддастарин оинҳои ниёгони мо аст, ки бо фарорасиаш аз омадани фасли баҳор ва оғози Соли нави аҷдодӣ мужда мерасонад”

Бояд гуфт, ки Ҷашни Наврӯз 18- уми феврали соли 2010 дар ҷаласаи 64- уми Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид, таҳти фасли 49, ки унвони “Фарҳанги ҷаҳон”- ро дорад, қатъномаи “Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз” қабул гардид ва дар асоси ин санади муҳим аз соли 2010 инҷониб 21-уми март ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз таҷлил карда мешавад. Бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” ба иди Наврӯз додани  мавқеи иди миллӣ ва чаҳор рӯзи онро ҳамчун рӯзҳои ид эълон намудан гувоҳи файзи истиқлол ва сиёсати фарҳангии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Инчунин дар даврони Истиқлоли давлатӣ оину ҷашнҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангие, ки дар давоми асрҳо ягонагии маънавии мардумро ҳифз мекарданд, аз ҷумла Наврӯз, Тиргон, Меҳргон, Сада, Шашмақом, Фалак, атласу адрас, чакан ва монанди инҳо аз нав эҳё гардиданд.

Гузашта аз ин дар  шаҳри Хуҷанд, сайри Соли нав дар назди соҳили Сирдарё ташкил мешуд. Мардум дар ин идгоҳ бо садои баланди доираву карнай ва  дастаи навозандагон ҷамъомада   намоишҳои оммавӣ, ба монанди дорбозӣ, масхарабозӣ, театри зочабозии чодирхаёл, лаппакбозӣ, донакбозӣ, чиллакбозӣ, арғунчакбозӣ, бодбаракпаронӣ, мусобиқаҳои гӯштингирӣ, хурӯсчангӣ ва ғ. барпо мекарданд. Инчунин дӯконҳои сайёри нонфурӯшӣ, ҳалвофурӯшӣ, баққолӣ, атторӣ, лухтакфурӯшӣ ва монанди инҳо ташкил карда мешуданд. Баъд аз таҷлили Наврӯз сайрҳои гурӯҳӣ берун аз шаҳр дар ҷойҳои хушманзараи Овчӣ Қалъача, Хоҷа- Боқирғон, Чашми Арзана, доманаи кӯҳи Мевағул ва дигар мавзеъҳои хушобу ҳаво сурат мегирифт. Дар ин сайрҳо мардумон пиру барно ва наврасону кӯдакон бо либосҳои идона ба тамошо мебаромаданд.

Дигаре бошад, дар оғози моҳи март мардуми суғдӣ иди “Сари сол”-ро пешвоз мегирифтанд, ки шоми 6-7-уми март сокинон оши палав мепазанд ва маъракаи “ошалишакон” оғоз мегардид. Бо ин василаи доду гирифти оши палав ҳамсояҳо якдигарро бо иди аввали сол табрик менамуданд. Инчунин аввалин пайғоми баҳорро кӯдакони маҳалла мерасониданд, ки дар ин рӯз дар даст гули бойчечак бо паҳн намудани руймоли калон бо замзамаи суруди бойчечак хона ба хона гашта ширинӣ ё тангаҳо ба даст меоварданд. Қайд кардан ба маврид аст, ки Наврӯзро бе суманак тасаввур кардан мумкин нест. Суманак файзи баҳор буда яке аз таомҳои лазизи Наврӯзӣ мебошад, ки ба андешаи ниёгон суманаку суманакпазӣ ба соли нав ва ҳосили баҳории деҳқонӣ алоқаманд будааст. Инчунин, дастурхони пурнозу неъмати Наврӯзӣ бо “Ҳафт син”-у “Ҳафт шин” густурда, рақсу сурудхонӣ мекунанд. Албатта, имрӯз бо шарофати истиқлол иди Наврӯз умумимиллӣ гардидааст, ки  онро дар ҳар минтақаи кишвар ба таври хос ҷашн мегиранд. Воқеан, имрӯз иди Наврӯз ҳамчун иди миллӣ аз нав эҳё гардида бо бунёдгузорию созандагӣ дар даврони истиқлол ва дар рӯзҳои ҷашвораҳо ба истифода додани онҳо фоли неки наврӯзӣ ба шумор меравад.

Истиқлолият имкон дод, ки ҷашни қадимаии Наврӯзӣ дар ҳар хонавода ва дар тамоми қаламрави кишвар ботантана таҷлил карда шавад. Мо ба ҷашни Наврӯз ҳамчун мероси маънавию фарҳангӣ арҷ мегузорем ва гиромӣ медорем, зеро ки Наврӯз бо омад- омадаш файзу баракат, нозу неъмат, фаровонӣ, тинҷиву оромиро ба кишвари азизи Наврӯз арзонӣ медорад. Боиси сарфарозист, ки бо дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон кишвари Тоҷикистони соҳибистиқлоламон ба сӯйи дурахшони ояндаи нек қадамҳои устувор мегузорад ва умеду орзую ормонҳои наврӯзӣ пайваста амалӣ мегарданд. 

Ҳоҷӣ Валӣ Набизод - мутахассиси маркази иттилоотии МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОНаврӯз- иди баҳор аст
Scroll to Top