Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Шанбегӣ - тозагии муҳити зист

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Бояд гуфт, ки ҳифз намудани табиат ва тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист ва гирду атрофи муассисаи худ ин мароми мост.

Бо мақсади татбиқи нақша-чорабини пайваста рӯзҳои шанбе бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани Наврӯзи байналмиллалӣ бо ташкили маъракаи ҳашар ҷиҳати анҷом додани корҳои созандагӣ, ободкорӣ ва сарсабзу хуррам гардонидани гирду атрофи муассиса кормандон саҳмгузорӣ менамоянд.

Қобили зикр аст, ки аз ҷониби боғдорон шинонидани дарахтони мевадору ҳамешасабз, гулу гулбуттаҳои мавсимии ороишӣ ва ҳайати гурӯҳи мутахассисони техникӣ омода намудани фаввораҳои обӣ ва обшорон ба анҷом дода истоданд. Дигаре бошад, аз тарафи  мутахассиси мусавирӣ муҷассамаҳо ба монанди товусҳо, турнаҳо ва дигаре дар боғи фарҳангӣ  рангубор карда шуданд, ки ҳусни тозае бахшид. Тамоми кормандони муассиса даста-даста тақсим шуда, бо руҳияи баланди ватандӯстӣ барои ба тартиб даровардани гирду атрофи гузаргоҳи роҳравҳои боғи истироҳатӣ, айвончаҳои истироҳатӣ, ҳайкали Хоҷа Камоли Хуҷандӣ, айвонҳои боҳашамат, ҷӯйборҳо ва баровардани хошокҳою партоваҳо дастаҷамона заҳмат кашида, баҳри хуррамгардонии  муҳити зист пайваста саҳми арзандаи хешро мегузаронанд.

Ҳоҷӣ Валӣ Набизод-маркази иттилоотии МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОШанбегӣ - тозагии муҳити зист
Scroll to Top