Барномаи навбатии «Нури маърифат»-и ТВ Суғд дар Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ сабт гардид. Сӯҳбати барандаи барнома Лола Раҷабова бо директори Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» Фахриддин Насриддинов ҷараён гирифт. Онҳо оиди фаъолияти яксолаи ин марказ ва дурнамои он гуфтугузор намуданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳоло дар шаҳри Хуҷанд Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» амал мекунад. Олимону муҳаққиқони маркази зикршуда барои омӯзиши амиқ ва ҳамаҷонибаи шахсият ва мероси илмиву адабии фарзанди фарзонаи халқи тоҷик Камоли Хуҷандӣ як силсила корҳои илмиву тадқиқотиро анҷом додаанд, ки барои насли имрӯзаи кишвар хеле пурманфиат мебошад. Ҳамчунин дар «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» дар баробари камолшиносӣ ба нашри осоре, ки хонандагони тоҷик дастрасӣ надоранд таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, чандин китобҳо таҳқиқ ва нашр гардида истодаанд.