Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Табақи ҷонон

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Табақ зарфе мебошад, ки барои таомхӯрӣ мардум дар рӯзгори хеш истифода мебаранд. Ба фарҳанги тафсири забони тоҷикӣ назар афканем, калимаи “Табақ” аз забони арабӣ гирифта шуда, маънояш зарф барои кашидани хӯрокҳои ғафсиро ифода мекунад.

Ишора намуд, ки бозёфтҳои археологӣ собит менамоянд, ки навъҳои гуногуни табақ ба хусус табақи чӯбӣ ва сафолӣ ҳанӯз аз замонҳои қадим маъмул будааст. Намуди шакли табақҳо паҳн ва ҷукур мешаванд, ки онҳоро ҳунармандони мардумӣ аз чӯб, сафол, чинӣ, филизот ва  аз санги мармар ҳам  сохта ба истифода медиҳанд.

Бояд гуфт, ки чунин намуди табақи сафолини қадима бо номи “Ҷонон”,  тааллуқ ба асри XIX бо қайди аломати моликият (таҳти № 3144)  дар фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, маҳфуз барои тамошобинон гузошта шудааст. Зикр намуд, ки рӯи табақи сафолин бо рангҳои пуштию зард ва ҷигарранг ранг карда шудааст.

Инчунин, дар гирдаш нақши гули пахтамонанд оро дода шуда,  дар канораш сето нақши нигори қуббашакли фонаш сафед, акси самовору чойник ва гулдону китоб бо сиёҳдон ва бо патқалам тасвир дода шудааст.

Дигаре бошад, намуди табақҳои чӯби дар ноҳияҳои маркази ва ҷануби Тоҷикистон то ҳол маъмул буда, ҳаҷм, андоза ва шакли гуногун доранд. Гуфтан ҷоиз аст, ки истеъмоли таом дар чунин табақ маззаи хуш дорад, ки то ҳол мардум дар рӯзгори хеш истифода мебаранд. Ҳунармандони мардумӣ онҳоро дар дастгоҳи махсус аз чӯби бед, чормағз, тут ва зардолу ва ғ.тарошида шакли табақро меофаранд.

Ҳоло бошад, бо пешрафти технологияи муосири замон табақҳои сафолин, чинӣ ва оҳанинро дар заводҳои махсус тайёр карда сир давонида бо нақшу нигор ва гул оро медиҳанд. Дар чунин табақҳо  кашидани таомҳои миллӣ, ки мардум дар гирди сари дастурхон  сарҷамъ меоянд, яке аз рукнҳои маърифати ҳастӣ мебошад.

Ҳоҷӣ Валӣ Набизод- маркази иттилоотии МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОТабақи ҷонон
Scroll to Top