Дар доираи сафари кории худ ба вилояти Суғд Сафири фавқуллода ва Мухтори Федератсияи Русия Григорьев Семён Вячеславович ва Консули генералии Федератсияи Русия Лакин Сергей Васильевич бо ҳайати ҳамроҳонаш аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд боздид намуданд. Меҳмононро омири кулли Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию – таърихии “Қалъаи Хуҷанд” Иброҳимов И.С. қабул намуданд ва аз ҷониби роҳбалад Алишери Меҳриниссо сайри илмӣ гузаронида шуд. Меҳмонон бо толорҳои намоишии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд шинос шуда, аз таъриху фарҳанги куҳани тоҷикон аз наздик огоҳӣ пайдо намуданд. Ҳамчунин, ба китоби мулоҳизоти меҳмонони фахрӣ таассуроти худро ба таври зайл нигоштанд:
Дар МД “Маҷмааии фарҳангию таърихиӣ “Қалъаи Хуҷанд” ба мо аз беҳтарин толорҳо ва қадимтарин нигораҳо, ки фарҳанги халқи тоҷикро муаррифӣ мекунад маълумот доданд. Бешак ин нигораҳо таърихи ҳазорсолаи худро дорад ва барои инкишофи тамаддуни ҷаҳон саҳми худро гузоштааст.
Сипос мегӯям ба тамоми кормандони осорхона
Юлдошева У-роҳбалади осорхона