Санаи 10-уми марти соли ҷорӣ бо сафари корӣ як гурӯҳ меҳмонони намояндагони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Исломии Эрон бо роҳбари намояндаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Муидинзода Эркинҷон Ихтиёр аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дидан намуданд.
Меҳмононро дар толори бошукӯҳ, роҳбалади дараҷаи олӣ Мирзоева Иноятхон хайру мақдам намуд. Сипас, гурӯҳи меҳмонон сайри илмӣ гузаронида аз таърих ва тамаддуни қадимаи халқи тоҷик аз наздик ошно гардиданд. Бояд гуфт, ки сайри осорхона аз толорҳои бозёфтҳои ёдгориҳои давраҳои гуногуни таърихӣ, ҳунарҳои мардумӣ, ашъору асарҳои безаволи шоирон ва дастовардҳои истиқлол дар соҳаҳои мухталиф ва дигаре таассуроти маънавӣ бахшид.
Меҳмонон аз боздиди намоиши осорхона изҳори миннадорӣ баён намуданд, ки қудуми ташрифи меҳмонони олиқадр бо чунин таҳвили ёдгориҳои таърихӣ, бародардӯстиро боз мустаҳкам хоҳад кард.
Махсумов Шаҳром- роҳбалади Осорхонаи таърихии вилояти Суғд.