Аҳли ҷомеаи меҳнатии Муассисаи давлатии” Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, модарон, хоҳарон ва бонувони кишвари Тоҷикистонро бо иди фархунда “Рӯзи модарон” , бо камоли меҳру муҳаббат ва самимияти афзун табрику муборакбод менамояд.
Бешак, ба оғози фасли нозанини баҳор рост омадани иди бонувон рамзи шукуфоӣ ва ҳузургоҳӣ зебоӣ буда, озодагиву нафосат ва сарсабзию таровати ин фаслро дучанд меафзояд. Зеро, зан ва баҳор дар арсаи зиндагӣ нақши якҷоя дорад. Бузургии зан-модар пеш аз ҳама дар он таҷассуми пок, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳангӣ миллӣ мебошад.
Бонувони гиромиқадри азизу меҳрубон ба ҳамаи Шумоён баофиятӣ. саломатӣ, хотири ҷамъу дили беғам таманно менамоем ва доимо хоҳони он ҳастем, ки тамоми хушиҳои зиндагӣ насибатон бошад.
Ид муборак, бонувони азиз !