Модар! Дар зери маҳфуми ин калимаи зебо саршор чӣ қадар меҳру муҳаббат, хушрафторию хушгуфторӣ, шеваи ширин бо бузургиву ҳастияш нуҳуфта аст.Албатта, дар ҷаҳон мукқаддастарин аз модар дигар мавҷудоте вуҷуд надорад.
Оре, маҳз бо туфайли модари нурбахши ҳаёт мо ба дунё омадем ва номи неки инсониро гирифтаем.Аз ин лиҳоз, ҳамагон ҳамеша дӯст ва эҳтиромашро ба ҷо меоварем ва номи покашро вирди забон гирифта: Модарҷон!, Модарам!, Модарҷонам!- гуфта садо мекунем. Бале, меҳру садоқати самимият ва шабзиндадории модар арзиш надорад ва ба ягон чизи дунё баркашида намешавад.Модар ҳаст, ки мо ҳастему ҳаёт ҳаст, орзую умедҳо ҳаст. Ягон инсоне нест, ки аллаи модарро нашунида ва аз шири сафеди покаш баҳра наёфта бошад.
Модарони азиз! Шумо нурбахши чашмаи ҳастии инсон ҳастед, ки номи мубораки Шуморо тамоми забонҳои дунё бо як навозиши меҳрубонона садо мекунанд. Албатта, синну соли мо чанде набошад, хоҳ кӯдак, хоҳ пиру ҷавон барои мо модар, меҳру нигоҳи вай ҳамон қадар фараҳбахшу дилнавоз аст. Азизони дил, модар офарандаи ҳаёт буда аз ҳама қимматтарину беҳтарин ва меҳрубонтарини оламӣ ҳастӣ мебошад. Бояд донист, ки агар модар фарёд кунанд, донед, ки ҷаннат Шуморо садо карда истодааст. Бо калимаи”Лаббай”, модарҷон фармонбардорам овоз бароварда ҳозир шавед, саркашӣ накунед. Чунки хизмати модар қарзи ҳар як инсон аст,агар накард ӯ номарду нокас аст.
Биёед, модаронро дӯст дорем, иззату эҳтиром намоем ва ба қадраш бирасем. Ҳеч гоҳ нагузорем, ки қатраи оби чашмаш резад, дилаш нороҳат шавад. Зеро , ки дунё бе меҳру муҳаббати модар, бе ҳастии модар ҳеҷ аст.Ӯро ҳамеша хушбахт созем, то ҳастияш барояш содиқона хизмат намоем. Кӯшиш кунем, ки модарон аз мо розӣ ва дуогӯи ҳамагон бошанд. Ҳастии модар барои ҳар яки мо бахти бузург, домани покаш биҳишти воқеии ҳар як инсон аст. Аз ҳама шахси бахшоянда, дуогӯ, меҳрубон, ғамхор, дӯстдорандаи фарзандон танҳо модар аст. Хоҳони онам, ки ҳар нафар кӯшиш кунад, ки туҳфааш боарзиш бошад, модарро хурсанду лабханд гаронад. Лек, тамоми туҳфаҳо дар назди меҳру муҳаббати модар ночиз аст. Мо як умр агар хизматашро ба ҷо биёрем ба як шаби бедорхобиаш барои кӯдак баробар шуда наметавонад. Бигзор, тамоми умри модарон дароз бод, хушбахту комёбу саломат ва аз мо розӣ бошанд.
Ҳоҷӣ Валӣ Набизод- маркази иттилооти МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”