Зан - модар, ба мисли баҳор, пурнакҳату муаттар, сабзу хуррам ва шодобу шукуфо буда, бо оғози фасли баҳор ва арафаи соли нави аҷдодӣ, яъне ҷашни Наврӯз, якҷоя омадани Рӯзи модар дар кишвари зебову офтобии мо рамзи нек аст. Яъне соли нави мо бо арҷ гузоштан ба мақому манзалат, қадру қиммат ва ҳурмату эҳтироми модарону занони иззатманду меҳрубони мо шурӯъ мешавад.
Зан - модар масдари наслҳо ва меҳвари ҳар як оила аст. Дар тамоми таърихи тӯлонии миллати тоҷикон низ рисолати офарандагиву тарбиятгарӣ, рӯҳи озоду иродаи қавӣ, афкори наҷибонаю одоби ҳамида ва муҳаббату садоқати бепоёни зан - Модар дар осори бузургони гузаштаву муосири тоҷик ситоиш гардидааст.
Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон қайд намуда буданд, ки “Модари тоҷик ҳазорон нафар фарзандони бонангу номус, ҷасуру ватандӯст, абармардони хирадманду фарзона, сиёсатмадорони номдору фидокор ва номбардори миллатро ба дунё оварда, дар оғӯши пурмеҳри худ ба камол расонидаанд ва онҳоро дар роҳи хизмат ба халқу Ватан раҳнамоӣ кардаанд”. Модар – он сарчашмаи ҷӯшони ҳаётест, ки ҳастии моро аз файзи худ шодоб мегардонад Дар ҳақиқат фарҳанги волои миллати соҳибмаърифат ва тамаддунсози мо аз аллаи ширину тоҷикии занону модарони меҳрубон ва поксиришти мо ибтидо мегирад. Пас меарзад, ки чунин занону модарони фозилро тоҷи сар намоем ва дар назди қадру манзалати олии онҳо мардона сари эҳтиром ва таъзим фуруд орем.
Бахшида ба иди занону модарон дар толори пазироии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” ба ифтихори Рӯзи Модар вохӯри бо занҳои фаъоли вилоят таҳти унвони “Модар – олиҳаи ҳастӣ” баргузор гардид.
Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии омири кулли Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” Иброҳимов И.С. оғоз гардид. Дар чорабинӣ якчанд меҳмонони олиқадр ва занони фаъоли вилояти Суғд Акмалова Мунира Абдунабиевна – доктори илмҳои сиёсатшиносӣ, профессор, декани факултети сиёсатшиносии ДДҲБСТ
Дадобоева Муҳаррам Наимҷоновна – ҳунарманд, омӯзгори факултаи санъати тасвирӣ ва дизайни МДТ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров
Фароғат Усмонова – мутахассиси пешбари маркази илмӣ-методии Раёсати фарҳанги вилояти Суғд
Баҳроми Раҳматзод – шоир, директори Муассисаи давлатии “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ”, номзади илмҳои филологӣ, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.
Муллоева Латофат Алибоевна– ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ дар Гимназияи №1 – и ба номи Раҳим Ҷалил иштирок доштанд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ аз тарафи хонандагони Гимназияи №1- ба номи Раҳим Ҷалил композитсияи “Модарнома” пешкаш гардид.
Ҳадаф аз баргузории чунин чорабинӣ шинохту қадр ва манзалати модар қарз ва рисолати ҳар фарди худогоҳ буда, мо дар сурате онро адо карда метавонем, ки ба қадри заҳмату ранҷ, шири ҷонбахши модар, меҳру самимият ва ғамхории пайвастаи модарон ва хоҳарони боиффату ҳаётофари худ арҷи шоиста гузошта тавонем.
Сайфиева Шарифахон – мудири шуъбаи оммавӣ-фарҳангӣ ва робита бо ҷомеа