Дар асл агар ба фарҳангӣ луғати русӣ- тоҷикӣ назар афканем, калимаи “Фляга” ба маънои обдон, митҳара, қум-қума ё обдони сафариро ифода мекунад.
Бояд гуфт, ки дар замонҳои пеш аз таърих мардум кӯшиш мекарданд, ки роҳи бо худ гирифтани ғизо ва обро муайян кунанд. Инсонҳо таҳрезӣ карданд, ки бидуни ғизо як ҳафта ба осонӣ зиндагӣ кард, лек бе об бошад аз се рӯз наметавон зист. Аз ин рӯ зарферо ихтироъ карданд , ки кадуро ковок карда ё аз чарм дӯхта ва ё аз пӯсти тухми шутурмурғ сохта шуданд, ки чунин намуди экспонатҳоро дар осорхонаҳои таърихӣ дидан мумкин аст.
Дар асрҳои миёна мардум зарфҳои обдонро аз маводҳои оддӣ сохта ба истифода медоданд , ки вобаста ба табиати эҷодкориашон дастрас буданд. Ба ибораи дигар, ҳама чизҳоро ба монанди пӯсти чорво, меъдаи ҳайвонот ва инчунин меваи сахти кокос истифода мебуриданд. Қариб ки ҳамаи одамони қадим тасаввуроти худро доштанд, ки зарфи нигоҳдории об чӣ гуна бошад? Аммо бо пешрафти мурури замон шиша ва металл маъмулан масолеҳи сохтани зарфи обдонҳо гардид. Ҳатто зарфи обдонҳоро мардум аз маводи нуқра сохта ба истифода медоданд, ки нархаш хело гарон буд, ки на ҳама одамон харида метавонистанд. Мардум на танҳо аз арзиши баланди мавод, балки ба афсонаҳои паҳншуда вобаста буд, ки гӯё спирт дар зери таъсири нуқра аломати шифобахши ва таъмаи беҳтарин дошта бошад, харидорӣ мекарданд.
Дигаре бошад, шакли аз ҳама қулай ва маъмултарин зарфи обдон каҷ будааст, ки ба паҳлӯ хеле бароҳат мувофиқат мекунад. Дарвоқеъ, ҳамин шакл барои нигоҳ доштан дар ҷайби даруни курта бениҳоят қулай будааст. Ҳунармандон зарфи обдонҳоро асосан аз пӯлоди зангногир месохтанд, ки коркарди он осон ва ҳама гуна шаклро мегирад. Инчунин барои кандакорӣ ва гирифтани шакли мудаввар хело хуб мебошад, ки аксари зарфи обдонҳоро бо сарпӯши винтдор муҷаҳҳаз мегардониданд, ки ба девори боло бо ҳалқаи занҷирин маҳкам мекарданд, то ки сарпӯш гум нашавад.
Қобили зикр аст, ки чунин намуди маводи зарфи обдони шакли мудаввар дошта, тааллуқ ба асри XIX бо қайди аломати моликият (таҳти №4197) дар фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, баҳри тамошобинон гузошта шудааст. Ин зарфи обдон аз ду қисми ба палла монанди бо ҳам пайваст иборат мебошад. Қисми ақибаш ҳамвори бенақши сиёҳтоб буда, қисми рӯяш зарҳилатоби бо нақшҳои набототӣ ва кандани барҷастаи ҳаққоқӣ оро дода шудааст. Инчунин рӯйи зарф гулбаст карда шуда, обдон аз як тарафаш ҷумаки мисин бо қалъагӣ ва бо занҷир пайваст карда шудааст.
Гузашта аз ин зарфи обдонро барои таъмини бемалоли ҳаракат ва омодагии ҷанги артишӣ тамоми сарбозони низомӣ бо об таъмин гашта дар амалиётҳои ҷангӣ аз ташнагӣ раҳо ёфтан истифода мебурданд. Гуфтан ба маврид аст, ки дар кишвари Русия зарфи обдонҳо ( фляшка ) тарзи сохташон чанд маротиба иваз шуданд. Аз замони Петрус то охири асри XVIII онҳо аз калобаи дуқабати барои бақувват шудан сохта мешуданд. Баъдан, бо мурури замон соли 1817 бо варақаи консервашуда иваз карда шуд, аммо аз берун зарфи обдон тағийр ёфт, ки 1,22 литр ва шакли барои часпонидани он аз болои ҷуздон мувофиқ гардид. Локин ин сохт ( модел ) дер давом накард ва онро дар соли 1897 ба аналиги маводи алюминий иваз карданд, ки хело қулай ва сабук буд. Агар сарбоз беэҳтиётона ба замин ғалтонад кӯфта намешавад. Зарфи обдони аз маводи алюминий сохта шуда бомуваффақият баромад ва пас аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ солҳои зиёд бетағийр монд. Ҳоло бошад, бо назардошти технологияи нави замонавӣ обдонҳоро бо рӯйпӯши матоъӣ таъмин мекунанд, ки сарпӯш дар ҳавои гарм тар бошад, таъсири бухоршавӣ кам мешавад ва сарбозон аз ташнагӣ эмин мемонанд.
Ҳоҷӣ Валӣ Набизод- маркази иттилоотии МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”